Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба даври дувум рафт

  • 15 Май, 2014
Image copyrightAFP Getty Images
Image caption Оқои Нуристонӣ гуфт, ки даври дувуми интихобот дар рӯзи 14 июн\24 ҷавзо баргузор хоҳад шуд.

Нишасти хабарии кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон барои эъломи натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар оғоз шуд ва Юсуфи Нуристонӣ, раиси кумиссиюни интихобот, натоиҷи ниҳоии интихоботро эълом кард.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ҳудуди шаш ҳафта қабл ва дар рӯзи 6 апрел баргузор шуд ва беш аз панҷоҳу ҳашт дарсад воҷидини шароити раъйдиҳӣ дар он иштирок карданд.

Юсуфи Нуристонӣ, раиси кумиссиюни мустақили интихобот: Тавре ки ҳама медонем, алорағми ҳама чолишу мушкилоти фаророҳи раванди интихобот, аз ҷумла мушкилоти амниятӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ ва адами дастрасӣ ба тасҳилоти пешрафтаи интихоботӣ, интихобот муваффақона баргузор шуд.

Юсуфи Нуристонӣ: Ҳамалоти мушакӣ таърихи 30 апрел ба маркази кумиссиюни мустақили интихобот баъзе аз маводди лозими кумиссиюни интихобот нобуд ва сӯзонда шуд.

Раиси кумиссиюни мустақили инитхоботи Афғонистон гуфт, ки ба далоиле даври дувуми интихобот бамавқеъ баргузор нахоҳад шуд.

Юсуфи Нуристонӣ, раиси кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон, гуфт, ки даври дувуми интихоботи Афғонистон дар замони таъйиншуда баргузор нахоҳад шуд. Қарор буд ин давр аз интихобот рӯзи 28 май\7 ҷавзо баргузор шавад.

Оқои Нуристонӣ гуфт, ки даври дувуми интихобот дар рӯзи 14 июн\24 ҷавзо баргузор хоҳад шуд.

Раиси кумиссиюни мустақилли интихобот аз мардум хост, ки ба пойи сандуқҳои раъй бираванд.

Дар даври дуввум Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ 5 апрел/16 ҳамал Афғонистон ҳеҷ барандае надошт ва ҳеҷ як аз номзадон натавонистанд панҷоҳ дарсад ба изофаи як раъйро ба даст биоваранд ва бо ин тартиб даври дувуми интихобот дар 24 ҷавзо\14 июн баргузор мешавад.

Оқои Нуристонӣ гуфт, ки оянда аз кормандони кумиссиюнҳои интихоботӣ, ки муттаҳам ба тақаллуб ба нафъи номзади хосе шудаанд, барои ҳамеша аз ширкат дар раванди интихобот маҳрум хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи Юсуфи Нуристонӣ, Абдуллоҳи Абдуллоҳ бо касби 45 дарсади оро ва Ашрафғанӣ Аҳмадзайбо ба даст овардани 31.6 дарсади оро ба тартиб мақомҳои аввал ва дувуми интихоботро ба даст оварданд.

Раванди баргузории даври аввали интихоботи Афғонистон ва шумориши оро, шикоятҳои бисёреро ба дунбол дошт. Кумиссиюни расидагӣ ба шикоятҳои интихоботи Афғонистон ба далели ҳаҷми зиёди шикоятҳо, натиҷаи баррасиҳои худро бо шаш рӯз таъхир дар ихтиёри кумиссиюни интихобот гузошт.

Дар марҳилаи расидагӣ ба шикоятҳои интихоботӣ, ки беш аз ҳиҷдаҳ рӯз тӯл кашид, кумиссиюни расидагӣ ба шикоятҳо 825 шикоят дар мавриди раванди баргузории даври аввали интихобот ва 121 шикоят дар мавриди раванди шумориш ва натоиҷи даври аввалро баррасӣ кард, ки ба сарнавишти садҳо ҳазор раъй рабт дошт.

Юсуфи Нуристонӣ: Дар даври дуввуми интихобот корти раъйдиҳӣ тавзеъ намешавад. Мардум аз кортҳои гузаштаи худ истифода кунанд. Бузургтарин чолиши мо масъалаи амният аст ва мушкилоти ҳамлу нақли мавод ба вилоятҳо ва вазъияти ҳаво чолишҳо батартиб чолишҳои умдаи баргузории даври дувуми интихобот аст.

Ҳадди ақал як узви ин кумиссиюн таъйид кардааст, ки раванди баррасии шикоятҳо сарсарӣ ба анҷом расидааст.

Интихоботи раёсати ҷумҳуриро бархе аз расонаҳо пӯшиши зинда доданд. Афғонҳо барои ин рӯз лаҳзашуморӣ мекарданд.

Матолиби муртабит