Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ пештози натоиҷи муқаддамотии интихоботи Афғонистон

  • 13 Апрел, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Ин натоиҷ аз шумориши 500 ҳазор раъйи рехташуда ба сандуқҳо дар 26 вилояти Афғонистон ба даст омадааст

Кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон натиҷаи шумориши 10 дарсад аз орои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистонро эълом кард.

Бар асоси омори эъломшуда Абдуллоҳ Абдуллоҳ, вазири хориҷаи пешин ва раҳбари уппузисюн ва ба дунболи ӯ Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, вазири молияи пешин, ду тан аз ҳашт номзади ширкаткунанда дар интихоботи 5 апрел то кунун бештарини раъйро аз они худ кардаанд.

Мақомоти кумиссиюни интихоботи Афғонистон имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар Кобул эълом карданд, ки аз маҷмуъи ин 10 дарсади орои шумурдашуда, Абдуллоҳ Абдуллоҳ 41,9 дарсад ва Ашраф Ғанӣ 37,6 дарсадро ба даст овардаанд.

Бар асоси ҳамин омор Залмай Расул, вазири хориҷаи пешин 9,8 дарсад ва Абдурраб Расул Сайёф, аз раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон 5,1 дарсади ороро ба худ ихтисос додаанд.

Ин натоиҷ аз шумориши 500 ҳазор раъйи рехташуда ба сандуқҳо дар 26 вилояти Афғонистон ба даст омадааст.

Орои 8 вилояти Бадахшон, Бағлон, Ғӯр, Нуристон, Вардак, Пактико, Дойкандӣ ва Ғазнӣ дар натоиҷе, ки имрӯз эълом шуда, муҳосиба нашудааст.

Юсуфи Нуристонӣ, раиси ин кумиссиюн гуфт, ки ин натоиҷ мумкин аст пас аз баррасии шикоятҳои интихоботӣ ва шумориши мобақии оро тағйир кунад.

Матолиби муртабит