Мушорикати густардаи мардум дар интихоботи Афғонистон

Гузоришҳо аз Афғонистон ҳокӣ аз мушорикати густардаи мардум дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятии ин кишвар аст.
Гуфта мешавад дар бисёре аз манотиқ баргаҳои раъй тамом шуда ва мардуми зиёде бо вуҷуди ҳавои боронӣ ва таҳдидҳои пайвастаи шӯришиён ба пойи сандуқҳои раъй рафтаанд.
Аз мавориди ҳамлаи шӯришиёни Толибон ба марокизи раъйгирӣ ва мамонеъати онон аз рафтани мардум ба ин марокиз ҳам дар бахше аз нуқоти Афғонистон гузориш шуда, вале ҷузъиёти бештаре дар бораи талафот ё хисороти ворида аз ин ҳамалот дар даст нест.
Барои хондани матолиби бештар ба хатти форсӣ ба ин сафаҳоти сойти форсии Би-би-сӣ муроҷеъа кунед:
Лаҳза ба лаҳза бо интихоботи Афғонистон
Сафҳаи вижаи интихоботи Афғонистон-1393
Сафҳаи Афғонистон дар сойти форсии Би-би-сӣ
Пахши зиндаи телевизиюни форсии Би-би-сӣ
Сафҳаи вижаи барномаи "Навбати шумо"
Хабарнигори Би-би-сӣ дар вилояти Пактиё мегӯяд дар вулусволии ноамни Зурмат ба далели ноамнӣ нуҳ маркази раъйгирӣ масдуд мондааст. ар вулусволии Патони ин вилоят низ як мушак ба сохтмони маркази раъйгирӣ асобат кардааст.
Юсуфи Нуристонӣ, раиси Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон, мегӯяд, ки имрӯз дар ҳашт вилояти Афғонистон ҳавои офтобӣ, дар ҳафт вилоят нимаабрӣ, дар 13 вилоят абрӣ ва дар шаш вилоят борандагӣ буд, вале бо ин вуҷуд шумори зиёде аз мардум дар интихобот ширкат карданд.
Оқои Нуристонӣ аз талоши нерӯҳои амниятӣ барои таъмини амният дар Афғонистон ибрози сипос кард ва гуфт, ки мухолифони мусаллаҳ муваффақ нашуданд аз мушорикати мардум дар интихобот монеъ шаванд.
Ӯ гуфт, ки шаби гузашта шуморе аз кормандони Кумисиюни марказии интихобот дар вилояти Бағлон латукӯб шуданд ва мухолифони мусаллаҳ шуморе аз сандуқҳои раъйро дар ин минтақа ба об андохтаанд.
Камбуди баргаҳои раъй
То кунун гузоришҳои зиёде аз камбуди баргаҳои раъй дар шуморе аз вилоёти Афғонистон расидааст.
Беш аз даҳ тан аз раъйдиҳандагон ба Би-би-сӣ занг заданд ва гуфтанд, ки баргаҳои раъй дар марокизи раъйгирӣ дар вулусволии "Гузара" соъати 11-и пеш аз зуҳр тамом шуд ва масъулони Кумисиюни мустақилли интихобот ба дархости онҳо барои ирсоли баргаҳои раъф посухи мусбат надодаанд.
Гузоришҳо аз ғарби Афғонистон ҳокист, ки баргаҳои раъй дар бархе аз марокизи раъйгирӣ тамом шудааст. Ёсамин Самим, фаъъоли сиёсӣ, мегӯяд, ки ӯ ба Кумисиюни мустақилли интихобот иттилоъ дода, аммо ҳанӯз мушаххас нест, ки баргаҳои ҷадиди раъй ба ин марокиз мунтақил хоҳад шуд ё на.
Сахӣ Аброр, ки аз сӯйи яке аз номзадҳои Шӯрои вилоятии Кобул бар интихобот назорат мекунад, гуфт, ки дар ҳар як-ду марказе, ки ӯ сар зада, 1200 баргаи раъй буда, дар ҳоле ки ширкаткунандагон дар ҳар як аз ин марокиз беш аз се ҳазор нафар будааст.
Вай гуфт, ки масъулони амниятӣ ба раъйдиҳандагоне, ки баргаҳои раъй ба онҳо нарасида, гуфтаанд, ки ба марокизи дигар бираванд, аммо мушаххас нест, ки агар онҳо ба марокизи дигар раванд, ба дасти онҳо баргаи раъй хоҳад расид ё на.
Расонаҳои маҳаллӣ гузориш кардаанд, ки дар маҳаллаи Вазир Акбархон дар маркази Кобул ҳам баргаҳои раъй тамом шудааст. Асадуллоҳи Ҷалолзай, хабарнигори Би-би-сӣ дар Ғазнӣ, ҳам гузориш дода, ки дар вулусволии Молистон ва минтақаи Навобод аз шаҳри Ғазнӣ баргаҳои раъйгирӣ тамом шудааст.
Занон ва интихобот
Шаҳло Залонд, овозхони саршиноси Афғонистон, ки дар барномаи вижаи Би-би-сӣ ширкат дошт, гуфт, ки барои таъмини сулҳу амният дар саросари кишвар ва ҳимоят аз ҳуқуқи занону кӯдакон раъй медиҳад.
Хонум Залонд гуфт орзу дорад, ки ин интихобот битавонад вазъияте дар кишвар ба вуҷуд биёварад, ки дар он занон, ҷавонон ва кӯдакон битавонанд аз ҳуқуқе бархурдор шаванд, ки шоистаи он ҳастанд.
Таҳминаи Кӯҳистонӣ, духтари варзишкори афғон, ки ба истудиюи Би-би-сӣ дар Кобул омада буд, гуфт, ки имрӯз ҳузури мардум воқеъан густарда буд, зеро мардум мехоҳанд барои доштани як ояндаи рӯшан раъй диҳанд. Ӯ мегӯяд, ки имрӯз ба марокизи раъйгирӣ сар зада, вале ба далели таҷаммуъи беш аз ҳадди раъйдиҳандагон натавонистааст раъй бидиҳад.
Ба гуфтаи Таҳмина, борон ҳам монеъи раъй додани мардум нашуда ва дар ҳақиқат раъйи мардум тирест ба синаи тамоми касоне, ки Афғонистонро дастикам мегирифтанд.
Маъсумаи Муҳаммадӣ, дар сафҳаи Фесбуки худ навишта: "Раъйи ҳар зани афғон танҳо як раъй барои интихоби як шахс нест, балки “на” гуфтан ба табъиз, нобаробарӣ, хушунат, ҳаросафканӣ ва беъадолатӣ аст."
"Раъйи ҳар зан, яъне ба ҳошия рондани занон, шиъорҳои самбулик, нодида гирифтани баробарии ҷинсият ва ҳар навъ хушунат бас аст! Ҳар раъй ва ҳар интихоби огоҳона моро барои расидан ба баробарии инсонӣ наздик месозад!"
Шукрия Ирфонӣ, шоъири афғон дар Устролиё, дар Фейсбуки худ навишт: "Баргузории интихобот агар дар ҳар ҷойи ин курраи хокӣ ба маънои тағйири давлате ба давлати дигар бошад, имрӯз дар Афғонистони мо аммо ба мафҳуми гузар аз торихе ба торихе дигар аст."
Рӯзномаи бритониёии "Гордиян" дар матлабе навиштааст, ки азму иродаи афғонҳо пирӯз мешавад. Ин рӯзнома навишта, ки афғонҳои одӣ бо ҳузури густарда дар пойи сандуқҳои раъй тақаллуб, хушунат ва таҳдидро ба чолиш гирифтаанд.
Севумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ва шӯроҳои вилоятӣ имрӯз, шанбеи 5 апрел, баргузор мешавад. Ҳашт номзад дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва ду ҳазору ҳафтсад номзад дар интихоботи шӯроҳои вилоятӣ бо ҳам рақобат мекунанд.
Ин аввалин давраи интихоботи Афғонистон аст, ки бо мудирият ва назорати афғонҳо баргузор мешавад ва пешбинӣ шуда, ки дар ин интихобот сездаҳ милюн нафар ширкат кунанд. Дар сартосари Афғонистон тадобири сангини амниятӣ вазъ шудааст. Ҳудуди чаҳорсад ҳазор нерӯи амниятии афғон ва хориҷӣ барои таъмини амнияти ин интихобот муваззаф шудаанд.
