Хабарнигори Оссушиэйтед Пресс ҳангоми пӯшиши интихоботи Афғонистон кушта шуд

Фарде бо либоси пулиси Афғонистон аккоси хабаргузории Оссушиэйтед Прессро дар вилояти Хуст, дар ҷануби кишвар, кушта ва як хабарнигори дигари ин хабаргузориро захмӣ кардааст.
Ин хабарнигорон барои пӯшиши интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон бо корвони тадорукоти кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон дар вилояти Хуст ҳамроҳ шуда буданд.
Онё Нидрингҳос, аккоси олмонии хабаргузории Оссушиэйтед Пресс буд, ки дар Хуст кушта шуд. Вазъияти Кетӣ Ганун, хабарнигори конодоии ин хабаргузорӣ, дар бемористон пойдор тавсиф шудааст.
Бириёлай Равон, мушовири волии Хуст ба Би-би-сӣ гуфт "фармондеҳи пулис" замоне ба сӯйи ин хабарнигор оташ гушуд, ки мақомҳои маҳаллӣ, афсарони амнияти миллӣ, сарбозони артиш ва кормандони кумиссиюни мустақили интихобот низ дар маҳал ҳузур доштанд.
Оқои Равон гуфт, ки рӯйдод ҳаволии соъати 11-и қабл аз зуҳри рӯзи ҷумъаи 4 апрел дар вулусволии Хуст иттифоқ афтод.
Садиқи Садиқӣ, сухангӯйи вазорати умури дохилаи Афғонистон, ҳам ин рӯйдодро таъйид кард ва гуфт, ки шилликкунанда "яке аз мансубини пулис" дар вилояти Хуст аст, ки боздошт шудааст.
Оқои Садиқӣ гуфт, ки иллати ин рӯйдод то ҳоло рӯшан нест ва аз фарде, ки дар боздошти пулис ба сар мебарад, таҳқиқ хоҳанд кард.
Дар як моҳи гузашта ин севумин хабарнигоре аст, ки дар Афғонистон кушта мешавад.
Як моҳ пеш афроди мусаллаҳи ношинос як хабарнигори суэдиро дар минтақаи диплумотнишини Кобул дар Вазир Акбархон ба зарби гулӯла куштанд.
Дар ҳамлаи дигари муҳоҷимон ба ҳутели муҳофизатшудаи Серино дар қалби Кобул дар шаби соли нави шамсӣ Сардор Аҳмад хабарнигори афғон, ҳамсар ва ду кӯдакаш кушта шуданд.
Дар Афғонистон аз соли 2002 то кунун 42 хабарнигор дар рӯйдодҳои мухталиф кушта шудаанд. 13 нафар аз ин хабарнигорон шаҳрвандони хориҷӣ буданд, аз ҷумла зани хабарнигоре ки имрӯз кушта шуд.
