Сояи марги Моршол Фаҳим бар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон

  • 12 Март, 2014
Image caption Муҳаммадқасими Фаҳим худро намояндаи муҷоҳидин дар давлати Афғонистон мехонд

Соъоте пас аз даргузашти Муҳаммадқасими Фаҳим, муъовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон ва ҷонишини Аҳмадшоҳ Масъуд, раҳбари пешини ҷабҳаи муқовимат алайҳи Толибон, баҳсҳо дар мавриди таъсири набуди оқои Фаҳим дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон боло гирифтааст.

То баргузории интихоботи 1393-и Афғонистон камтар аз як моҳ боқӣ мондааст. Оқои Фаҳим дар ин интихобот сароҳатан эълом накарда буд, ки аз кадом номзад ҳимоят мекунад, аммо ситоди интихоботии Абдуллоҳи Абдуллоҳ бештар аз як бор эълом крад, ки Моршол Фаҳим дар ин интихобот аз оқои Абдуллоҳ ҳимоят мекунад.

Оқои Фаҳим ва сухангӯёнаш ҳеҷ гоҳе ин иддаъои ситоди интихоботии дуктур Абдуллоҳро таъйид ё рад накарданд. Муҳиддин Маҳдӣ, узви маҷлиси намояндагони Афғонистон ва аз аъзои пешини ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон, мегӯяд оқои Фаҳим дар ҳафтаҳои ахир бо тамомии номзадҳои матраҳи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дидор дошт ва номзадон низ ба ӯ муроҷиъа мекарданд ва дар мавориди мухталиф аз ӯ машвара мегирифтанд.

Оқои Маҳдӣ мегӯяд: "Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Моршол Фаҳим худаш дар ҳеҷ тикети интихоботӣ узвият надошт ва аланан ҳам аз ҳеҷ номзаде ҳимоят накарда буд, бардошти ман аз мавзеъи ӯ ин аст, ки Моршол Фаҳим тасаввур мекард, ки агар худо нахоста интихобот ба чолиш кашида бишавад ва дар баргузории марҳилаи дувуми интихобот таъхир ё таъаллул пеш биёяд ё дар пазириши натиҷаи интихобот буҳроне ба вуқӯъ бипайвандад, Фаҳимхон ба ҳайсияти як шахсияти калидӣ ва асаргузор дар он марҳила таъсири худро бар ҷо мегузошт. Яъне дар таъсиси як давлати иттиҳоди миллӣ нақш ифо мекард."

Оқои Маҳдӣ мегӯяд оқои Фаҳим метавонист нақши муҳимме дар баргузории интихоботи шаффоф ифо кунад; зеро ба назари ӯ бо таваҷҷуҳ ба нигарониҳое, ки дар мавриди кумиссиюнҳои интихобот вуҷуд дорад, "дар набуди як нерӯи ба истилоҳ боздоранда, ислоҳталаб ва тарафдори интихоботи шаффоф дар дохили ҳукумат, бидуни шак ин нигарониҳо қуввати бештар мегирад."

Ғафур Ливол, раиси маркази мутолиъоти минтақаии Афғонистон, мегӯяд даргузашти оқои Фаҳим боъис хоҳад шуд, то тарафдорони ӯ хоҳони назорати бештар бар раванди баргузории интихобот шаванд. Ӯ мегӯяд Моршол Фаҳим дар канори он ки бо истифода аз имконоти давлат тавоноии мудохила дар интихоботро дошт, ҳамчунин омил буд барои назорат бар раванди интихобот ва қонеъ кардани тарафдоронаш дар ин замина.

Оқои Ливол дар мавриди ҷойгоҳи Қасими Фаҳим дар интихобот мегӯяд: "Бо хусусияте, ки интихоботи пеширӯ дар Афғонистон дорад, яъне интихоботи иттакои беш аз ҳад бар муъодилаи қудрати мавҷуд дар Афғонистон дорад, ва як сохтори комилан ҷудогона ва ҳизбе ба ҷои ташакили мавҷуд ба қудрат расида наметавонад; ба ин далел ман фикр мекунам, ки даргузашти оқои Фаҳим бар интихобот асаргузор хоҳад буд."

Оқои Ливол меафзояд: "Баъзе аз тикетҳои интихоботӣ садама хоҳанд дид; зеро дар маҷмӯъ сохторе, ки дар Афғонистон ба номи Эътилофи шимол мусаммо аст, шояд дар баъзе маворид суфуфаш ба нафъи баъзе аз номзадон фишурдатар шавад ва дар бахше аз маворид ҳам шояд парокандагиҳое ба вуҷуд биёяд ва ин муъодилаи мавҷудро тағйир бидиҳад."

Дар ҳоли ҳозир, намояндагони ҷабҳаи муқовимат алайҳи низомиёни мавсум ба "Эътилофи шимол", ки оқои Фаҳим ба наҳве раҳбарии онро бар уҳда дошт, дар тикетҳои интихоботии мутаъаддид ҳузур доранд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, аз аъзои аршади ин ҷабҳа худ номзади интихобот аст. Аҳмадзиё Масъуд, бародари Аҳмадшоҳ Масъуд, муъовинати аввали Залмайи Расқулро бар уҳда дорад.

Муҳаммади Исмоъил, волии пешиниҲирот ва аз дигар аъзои аршади ҷамъият муъовини аввали Абдурасули Сайф аст.

Image caption Оқои Фаҳим дар ин интихобот сароҳатан эълом накарда буд, ки аз кадом номзад ҳимоят мекунад, аммо ситоди интихоботии Абдуллоҳи Абдуллоҳ бештар аз як бор эълом кард, ки Моршол Фаҳим дар ин интихобот аз оқои Абдуллоҳ ҳимоят мекунад.

Шуморе аз раъйдиҳандагони тарафдори оқои Фаҳим, ки то кунун мунтазири эъломи аланӣ ва қатъии ӯ барои ҳимоят аз як тими хос дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пеширӯ буданд, ҳоло бояд худ тасмим бигиранд ва гумон меравад, ки аз яке аз тимҳои зикршуда дар боло ҳимоят кунанд.

Даргузашти Моршол Фаҳим ҳамчунон эҳтимолан тарафдорони ӯро ташвиқ хоҳад кард, то бештар ба пойи сандуқҳои раъй бираванд ва ба касе раъй бидиҳанд, ки фикр мекунанд оқои Фаҳим аз ӯ ҳимоят мекард; яъне номзади наздик ба ӯ эҳтимолан аз раъйи ҳамдардии раъйдиҳандагон баҳра хоҳад бурд.

Оқои Фаҳим ҳамвора бар ҳузури муҷоҳидин дар давлати Афғонистон таъкид дошт ва дар яке аз охирин суханрониҳои муҳиммаш гуфта буд, ки агар касе талош кунад муҷоҳидинро аз қудрат канор бизанад, "силоҳ ба даст хоҳад гирифт ва ба кӯҳ боло хоҳад шуд."

Дар ин суханронӣ оқои Фаҳим ҳамчунин ба талошҳои шуморе аз текнукротҳои аз Ғарб баргашта барои ба қудрат расидан дар Афғонистон ишора кард ва гуфт, ки иҷоза намедиҳад онҳое, ки поспурти дугона доранд, бар Афғонистон ҳукумат кунанд.

Оқои Фаҳим ин суҳбатҳоро пеш аз шакл гирифтани тимҳои кунунии интихоботӣ ва мушаххас шудани номзадҳои интихобот иброз карда буд.

Дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2009, Моршол Фаҳим бо хуруҷ аз ҷабҳаи миллӣ (эътилофи упузисиюн дар интихоботи 2009) дар канори Ҳомиди Карзай қарор гирифт ва ба унвони муъовини аввали ӯ дар пирӯзии Ҳомиди Карзай нақши муҳимме ифо кард.

Бисёре аз тарафдоронаш аз ин иқдоми оқои Фаҳим интиқод карданд, аммо пас аз боло гирифтани ҷанҷолҳо бар сари наитҷаи интихобот ва дар ниҳоят пирӯзии Ҳомиди Карзай дар ин интихобот, оқои Фаҳим дубора ба унвони намояндаи ҷиноҳи Эътилофи шимол ва ҷамъияти исломии Афғонистон нақши таъйинкунанда дар дафлати Афғонистон ифо кард.

Матолиби муртабит