Муъовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон даргузашт
Image copyrightGettyМуҳаммадқасим Фаҳим, муъовини аввали раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар 56-солагӣ даргузашт.
Раёсати ҷумҳурии Афғонистон бо нашри хабарномае гуфта, ки Муҳаммадқасим Фаҳим, муъовини аввали раёсати ҷумҳурӣ дар асари як беморӣ бомдоди имрӯз (9 март) даргузашт.
Дар ин хабарнома, Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, бобати даргузашти муъовини аввали раёсати ҷумҳурӣ ибрози таъассур карда ва даргузашти оқои Фаҳимро як зоеъаи ҷуброннопазир хондааст.
Хабаргузории давлатии "Бохтар" ҳам дар як хабари фаврӣ гузориш кардааст, ки Муҳаммадқасим Фаҳим ба далели сактаи қалбӣ аз дунё рафтааст.
Ҳукумати Афғонистон ба ҳамин муносибат се рӯзи азои умумӣ эълом кард. Дар ин се рӯз парчами Афғонистон дар ҳолати нимаафрошта қарор хоҳад гирифт.
Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, Муҳаммад Умар Довудзай, вазири умури дохила ва шуморе аз мақомҳои дигари давлатӣ ва сиёсатмадорон ҳам барои ҳамдардӣ бо хонавода ва бастагони оқои Қасим Фаҳим ба хонаи ӯ рафтаанд.
Ҳоруни Наҷафизода, хабарнигори Би-би-сӣ, ки ба маҳалли даргузашти оқои Қасим Фаҳим рафта буд, мегӯяд, ки ҷамъияти зиёде дар атрофи хонаи оқои Фаҳим ҷамъ шудаанд.
Наздикони оқои Қасим Фаҳим гуфтаанд, ки далели марги оқои Фаҳим сакта будааст. Ӯ пеш аз ин ҳам аз бемории диобет ранҷ мебурд ва чандин бор зери муроқибатҳои ҷиддӣ қарор гирифта буд.
Хабари марги муъовини аввали раёсати ҷумҳурии Афғонистон инъикоси густардае дар шабакаҳои иҷтимоъӣ дошта ва расонаҳои хабарии Афғонистон ҳам аз ин иттифоқ хабарҳои фаврӣ пахш кардаанд.
Оқои Қасим Фаҳим дар оғози ҳукумати Ҳомиди Карзай ба мақоми "моршолӣ", олитарин рутбаи низомӣ, расид ва дар панҷ соли гузашта муъовини аввали раёсати ҷумҳурии Афғонистон буд.
Ӯ дар замони қудрати Толибон, фармондеҳии нерӯҳои муҷоҳидин дар мубориза бо Толибонро бар уҳда дошт ва фурӯпошии ин гурӯҳ бо ҳимояти ҳавоии нерӯҳои омрикоӣ нақши муҳим бозӣ кард.
Муъовини аввали раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар ҳоле даргузашт, ки ҳафтаи пеш Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, дар фармоне "ба поси хадамоти фавқулъодаи низомӣ" оқои Қасими Фаҳимро мустаҳақи ҳуқуқ ва имтиёзоти доимӣ донист.
Тибқи Қонуни асосии Афғонистон ҳар гоҳ яке аз ду муъовини раёсати ҷумҳурӣ "истеъфо ва ё вафот кунад", раиси ҷумҳурии Афғонистон метавонад фарди дигареро ба таъйиди маҷлиси намояндагони Афғонистон ҷойгузини ӯ кунад.
