Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон оғоз шуд

  • 5 Апрел, 2014
Image copyrightAFP

Севумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ва шӯрои вилоятӣ имрӯз, шанбеи 5 апрел, баргузор мешавад. Ҳашт номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва ду ҳазору ҳафтсад номзад дар интихоботи шӯроҳои вилоятӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Ин аввалин давраи интихоботи Афғонистон аст, ки бо мудирият ва назорати афғонҳо баргузор мешавад ва пешбинӣ шуда, ки дар ин интихобот сездаҳ милюн нафар ширкат кунанд. .Имрӯз бештари шаҳрҳои Афғонистон боронӣ аст ва дар сартосари Афғонистон тадобири сангини амниятӣ вазъ шудааст. Ҳудуди чаҳорсад ҳазор нерӯи амниятии афғон ва хориҷӣ барои таъмини амнияти ин интихобот муваззаф шудаанд.

Image copyright

Юсуфи Нуристонӣ, раиси кумисссиюни мустақили интихобот, нахустин касе буд, ки ҳудуди соъати 7:20-и субҳ ба вақти Кобул раъйи худро ба сандуқ рехт ва ба ин тартиб раъйдиҳӣ дар интихоботи сарнавиштсози Афғонистон ба сурати расмӣ оғоз шуд.

Маркази раъйдиҳӣ дар мадрасаи Ҳабибия дар Кобул, ки яке аз бузургтарин ва таърихитарин макотиби Афғонистон аст, нахустин марказе буд, ки оқои Нуристонӣ бо рехтани раъй дар ин ҳавза, раъйгирӣ дар он оғоз шуд.

Юсуфи Нурситонӣ, раиси кумиссиюни мустақили интихобот, пас аз он ки раъйи худро дар сандуқ рехт, дар як кунфронси матбуъотӣ ҳозир шуд ва имрӯзро барои мардуми кишвар рӯзи хӯше хонд.. Ӯ аз шаҳрвандони кишвар тақозо кард, ки бо вуҷуди бадии ҳаво ва борандагӣ ба гунаи густардае дар марокизи раъйгирӣ ҳузур ёбанд ва сарнавишти ояндаи худро таъйин кунанд.

Оқои Нуристонӣ бо ишора ба ин ки мардум дар се даҳаи гузашта мушкилоти зиёдеро дидаанд, гуфт, ки ин бор бо ҳузур дар пойи сандуқи раъй ба душманони Афғонистон собит кунанд афғонҳо мардуме ҳастанд бар ҳар навъ мушкиле фоиқ омада метавонанд.

Image copyrightBBCPersian.com

Аюб Орвин, хабарнигори Би-би-сӣ, ки аз шуморе аз хиёбонҳои шаҳри Кобул дидан карда, мегӯяд, ки тадобири амниятӣ ва ҳузури нерӯҳои амниятӣ дар ин хиёбонҳо сангин аст. Дар истҳои бозрасӣ худравҳо бозрасӣ мешаванд ва дар мавориде афрод ҳам бозрасии баданӣ мешаванд.

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар литсеи Амонӣ дар Кобул, раъйи худро ба сандуқ рехт ва дар суханони кӯтоҳе бар аҳаммияти интихобот таъкид кард.

Оқои Карзай аз мардум хост бо ҳузур дар пойи сандуқҳои раъй машрӯъияти давлати худро тақвият кунанд.

Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд теъдоди зиёде аз рӯзноманигорон, ки аз субҳ мунтазири вуруди Ҳомиди Карзай буданд, лаҳзаи раъй додани оқои Карзай ва суханони ӯро пӯшиш доданд.

Дар канори оқои Карзай, Муҳаммадюнуси Қонунӣ, муъовитни раиси ҷумҳурии Афғонистон, бо шуморе аз аъзои кобинеи давлати Афғонистон низ дар ҳамин марказ раъй доданд. Оқои Қонунӣ пас аз раъй додан гуфт, ки имрӯз "барои Афғонистон ҷашни миллӣ аст."

Оқои Қонунӣ гуфт: "Аз тамоми мардуми Афғонистон мехоҳем дар ин ҷашни миллӣ ширкат кунанд ва бо рехтани раъйҳояшон ба сандуқҳо дар эҷоди давлати қудратманди Афғонистон иштирок кунанд."

Залмайи Расул аз номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ бо ҳар ду муъовини худ ба литсеи Амонӣ рафта, дар ҳоли рехтани орои худ ба сандуқ ҳастанд. Аҳмадзиё Масъуд ва Ҳабиба Саробӣ муъовинони ӯ ҳастанд.

Дар канори оқои Расул, Абдулқаюм Карзай, бародари Ҳомиди Капрзай, раиси ҷумҳурӣ, ки аз номзадӣ дар интихобот ба нафъи оқои Расул канор рафт, ҳам дида мешавад.

Аҳмади Шифоӣ, хабарнигори Би-би-сӣ, ба яке аз марокизи раъйгирӣ дар ғарби Кобул рафта ва мегӯяд, ки саффи тӯлонӣ аз раъйдиҳандагон дар ин марказ ташкил шуда ва онҳо мунтазири навбат ҳастанд.

Шифоӣ мегӯяд, ки дар ин марказ нозирони дохилӣ ва байналмилалӣ ҳам ҳузур доранд ва дар айни ҳол тадобири шадиди амниятӣ дар ин марказ дар ҳоли иҷро аст ва гирифтани акс ҳам мамнӯъ шудааст.

Муҳаммадшафиқ Гулоғо Шерзай, номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ҳам ба литсеи Амонӣ рафт ва раъй дод. Ӯ дар вилоятҳои Қандаҳор ва Нангарҳор ба унвони волӣ кор кардааст. Оқои Шерзай дар мақоми вазорати шаҳрсозӣ ҳам кор кардааст.

Карими Хвалилӣ, муъовини дувуми раиси ҷумҳурии Афғонистон, дақоиқе пеш дар литсеи Амонӣ раъй дод. Ӯ дар смуханони кӯтоҳе ин рӯзро ба мардуми Афғонистон табрик гуфт.

Оқои Халилӣ афзуд: "Умедворам интихоботе хуб ва шаффоф дошта бошем. Аз тамоми расонаҳо, нозирон, раъйдиҳандагон ва кормандони кумиссиюни мустақили интихобот мехоҳам то ҳар навъ тахаллуферо гузориш кунанд ва мо дар давлат омода ҳастем, то бо тахаллуфот бархӯрд кунем."

Абдуллоҳи Абдуллоҳ, аз номзадони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо муъовинонаш, Муҳаммадхон ва Муҳаммади Муҳаққиқ дар литсеи Истиқлол раъй доданд.

Оқои Абдуллоҳ нисбат ба эҳтимоли тақаллуб дар интихобот ибрози нигаронӣ кард. Вале ӯ афзуд, ки нозиронаш дар саросари кишвар монеъи тақаллуб хоҳанд буд.

Ин номзади интихобот дар суҳбати кӯтоҳе бо хабарнигорон аз мардуми Афғонистон хост то дар интихобот ширкат кунанд. Ӯ гуфт, ки ҳар як аз раъйдиҳандагон худро нозири интихобот бидонанд ва нагузоранд, ки ороашонро касе "сирқат" кунад. Ӯ ибрози умедворӣ кард, ки интихобот шаффоф баргузор шавад.

Ваҳиди Пайкон, хабарнигори Би-би-сӣ, мегӯяд ин маркази раъйгирӣ қарор буд соъати ҳафт ба рӯйи раъйдиҳандагон боз шавад, аммо ба далоили амниятиӣ соъати ҳаштуним ба кор оғоз кард.

Ашраф Ғанӣ, дигар номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар литсеи Ҳабибия дар ғарби Кобул раъй дод. Муъовинонаш Абдурашид Дӯстум ва Сарвари Дониш ҳам ҳамроҳаш буданд.

Оқои Ғанӣ дар саҳфаи Фейсбукаш навишта: "Шӯру шавқи ҳамватанон барои раъй додан дар интихобот ба душманон собит мекунад, ки ҳеҷ касе наметавонад дар баробари иродаи миллии мо қарор гирад."

Довуди Султонзуй, яке аз номзадони раёчсати ҷумҳурии Афғонистон, бо ҳамсару муъовинонаш ба маркази раъйгирӣ дар литсеи Ҳабибия рафт ва раъй дод.

Оқои Султонзуй аз нерӯҳои амниятии кишвар бобати таъмини амнияти интихобот ташаккур кард. Ӯ интихоботро ҷашни мардум хонд ва гуфт, ки мардум ҳарчи бештар дар интихобот ширкат кунанд, садои онҳо расонтар баланд хоҳад шудю.

Ҳамсари оқои Сузтонзуй дар суҳбате бо хабарнигорон ҳузури густардаи мардумро дар марокизи раъйгирӣ "мушти кӯбандае ба даҳани душманони мардум" хонд.

Матолиби муртабит