Расидагии аланӣ ба шикоёти интихоботӣ дар Афғонистон оғоз шуд
Image copyrightAPКумиссиюни расидагӣ ба шикоятҳои интихоботии Афғонистон ҷаласоти алании худро барои расидагӣ ба шикоятҳо бо ҳузури намояндагони номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва расонаҳо оғоз кардааст.
Ин кумиссиюн эълом карда, ки ба дунболи интишори натоиҷи муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ 121 маврид шикоят дарёфт карда, ки қарор аст дар шаш ҷаласаи аланӣ баррасӣ шаванд.
Ҷаласаи нахусти ин кумиссиюн ба баррасии шикоятҳои марбут ба орое ихтисос дорад, ки ботил эълом шудааст.
То ҳол 525 маҳал, ки ҳар кадом як сандуқи раъй дорад, ботил эълом шудааст.
Як узви кумиссиюн гуфт, ки дар яке аз сандуқҳое, ки беэътибор шинохта шуда, баргаҳои раъй бидуни тайи раванди қонунӣ ба сандуқ рехта шуда ва бештари онҳо ба сурати мушобеҳе нишон шудааст.
Нодири Муҳсинӣ, сухангӯйи ин кумиссиюн гуфта, ки бештари шикоятҳои сабтшуда аз ҷониби ситоди Абдуллоҳи Абдуллоҳ матраҳ шудааст. Теъдоди шикоятҳои ситоди Абдуллоҳи Абдуллоҳ ба 115 мерасад, дар ҳоле ки шумори шикоятҳои ситоди Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба чаҳор маврид мерасад.
Ду шикояти дигар аз сӯйи Довуди Султонзуй ва Муҳаммадшафиқ Гулоғо Шерзай дар ин кумиссиюн сабт шудааст.
Шуморе аз шикоятҳои ситоди оқои Абдуллоҳ, ки дар ҷаласаи имрӯз баррасӣ шуд, марбут ба ботил кардани сад ҳазор раъй дар вилояти Ҳирот мешуд, ки гуфта шуда бештари ин оро ба нафъи оқои Абдуллоҳ ба сандуқҳо рехта шуда будааст.
Кумиссиюни расидагӣ ба шикоятҳои интихоботӣ гуфтааст, ки нозирони интихоботӣ ва аҳзоби сиёсӣ метавонанд аз ин раванд назорат кунанд.
Хабарнигорон ҳам иҷоза доранд, ки дар ин ҷаласот ҳузур дошта бошанд ва бархе аз расонаҳо ҷараёни кори ин ҷаласотро ба сурати мустақим пахш мекунанд.
Ҷаласаи аланӣ пеш аз зуҳри имрӯз ба поён расид ва то ҳол ҳеҷ тасмиме дар бораи шикоятҳои матраҳшуда иттихоз нашудааст.
Бар асоси натоиҷи муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳеҷ як аз номзадҳо ба ҳадди нисоби 50 дарсади оро даст наёфт. Абдуллоҳи Абдуллоҳ, ки номзади пештоз аст, 44.9 дарсад ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай 31.5 дарсади ороро касб кардаанд.
Аҳмадюсуф Нуристонӣ, раиси кумиссиюни мустақили интихобот, гуфта, ки баргузории даври дувуми интихобот муҳтамал аст, аммо агар ба шикоятҳои ӯ бадурустӣ расидагӣ шавад, ӯ ба ҳадди нисоби оро даст ёфта ва барандаи интихобот аст ва ба баргузории даври дувум эҳтиёҷе нахоҳад буд.
Дар муқобил оқои Аҳмадзай гуфта, ки агар ниҳодҳои интихоботӣ кори худро бадурустӣ анҷом медоданд, фосилаи байни ӯ ва оқои Абдуллоҳ камтар аз он буд, ки эълом шудааст.
