Раиси кумиссиюни интихоботи Афғонистон: Шак дорам даври аввал барандае дошта бошад
Image copyrightAPКумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистони натоиҷи аввалияи 82,59 дарсади орои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистонро эълом карда, ки бар асоси он Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо касби 43,7 дарсад раъй ҳамчунон пештоз аст.
Ашрафғанӣ Аҳмадзай номзади дигари интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки то ҳоло дар мақоми дувум қарор дорад, аз миёни ҳудуди навад дарсади орои шумурдашудаи аввалия 32,9 дарсад раъй касб кардааст.
Ба ҳамин тартиб Залмай Расул бо касби 11,7 дарсад , Абдурраб Расул Сайёф бо 7 дарсад, Қутбиддин Ҳилол бо 2,8 дарсад, Муҳаммад Шафиқ Гулоғо Шерзай бо 1,6 дарсад , Муҳаммад Довуд Султонзай бо 0,5 дарсад ва Ҳидоят Амин Арсалон бо 0,2 дарсад ба тартиб дар ҷойгоҳҳои баъдӣ қарор доранд.
Муҳаммад Юсуф Нуристонӣ, раиси Кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон гуфт, ки ин дарсадӣ ҳосили шумориши беш аз панҷ миллиюну ҳаштсад ҳазор раъй аст.
Раиси Кумиссиюни интихобот афзуд: "Шак дорам, ки дар марҳалаи аввал яке аз номзадон барандаи интихобот бошад."
Оқои Нуристонӣ гуфт, ки то ду рӯзи дигар беш аз 1700 маҳалли раъйгирӣ тафтиш ва 789 маҳалли дигар дар саросари Афғонистон бозшуморӣ мешаванд ва интизор доранд натоиҷи ибтидоии сад дарсади оро рӯзи шанбе эълом шавад.
Ӯ гуфт, ки тамоми мароҳили шумориши оро зери назари нозирон, намояндагони номзадон ва аъзои ҷомеъаи маданӣ анҷом хоҳад шуд ва кумиссиюн аз шафофият дар кори худ ба расонаҳо ва мардуми Афғонистони итминон медиҳад.
Бар асоси ҷадвали замонбандишудаи интихоботи Афғонистон қарор буд натоиҷи ибтидоии кулли орои шумурдашудаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон имрӯз панҷшанбе, 4 савр/урдубиҳишт (24 апрел) эълом шавад, аммо ду рӯз ба таъхир уфтод.
Сарираҳмад Бармак, аз аъзои ин Кумиссиюн ахиран ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки далели таъхир дар эъломи натоиҷи ибтидоии саддарсадии орои интихоботи шонздаҳуми ҳамал (5 апрел), "идомаи баррасии асноди интихоботӣ" ва таътилии рӯзи ҷумъа аст.
Пеш аз ин масъулон дар Кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон гуфта буданд, ки ҳудуди навад дарсади орои интихоботи шонздаҳуми ҳамал шумурда шуда ва омодаи эълом ба расонаҳо аст.
Натоиҷи ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон то ҳоло дар се марҳала ва ба сурати қисмӣ эълом шудааст.
Кумиссиюни интихобот ибтидо даҳ дарсади ин натоиҷ, шомили панҷсад ҳазор раъй аз 26 вилояти Афғонистонро як ҳафта баъд аз рӯзи раъйгирӣ эълом кард, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо 41,9 дарсад ва Ашрафғании Аҳмадзай бо 36,7 дарсад пештоз муъаррифӣ шуданд.
Дар марҳалаи дувуми эъломи натоиҷи қисмӣ масъулони Кумиссиюни интихобот панҷоҳ дарсади орои шумурдашударо дар 31 ҳамал (20 апрел) эълом карданд, ки 44,4 дарсади онро Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва 33,2 дарсади онро Ашрафғании Аҳмадзай номзадони пештози интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба худ ихтисос доданд.
Бар асоси тақвими интихоботии Афғонистон пас аз эъломи ибтидоии маҷмуъи орои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Кумиссиюни шикоёти интихоботӣ 20 рӯз вақт дорад то ба шикоятҳои интихоботӣ расидагӣ кунад ва натиҷаи ниҳоӣ бояд дар 24 савр (14 май) эълом шавад.
Дар ҳамин ҳол тибқи қонуни асосии Афғонистон агар ҳеҷ як аз номзадони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ натавонанд бештар аз 50 дарсади ороро ба даст оваранд, интихобот миёни ду номзаде, ки бештарин ороро бадаст овардаанд, ба даври дувум кашида хоҳад шуд.
