Ҳайати нозирони ИУ: Толибон дар интихоботи Афғонистон шикаст хӯрданд

Ҳайати нозирони Иттиҳодияи Урупо (ИУ) дар интихоботи Афғонистон гуфта, ки афғонҳо бо ҳузури густардаи худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятии ин кишвар нишон доданд, ки Толибон шикаст хӯрдаанд.
Ин ҳайат мушорикати раъйдиҳандагон ба вижа занонро дар интихоботи рӯзи шанбе дар Афғонистон "беш аз интизор" тавсиф кардааст.
Тиис Берман узви порлумони Урупо ва раиси ин ҳайати 16-нафарӣ рӯзи душанбе, 7 апрел дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт: "Баргузории ороми интихобот ва мушорикати болотар аз интизори афғонҳо дар он нишон аз азми қотеъ ва муассири онҳо барои интихоби озоди раҳбари ояндаи кишварашон дорад."
Ба гуфтаи оқои Берман онҳое, ки рӯзи шанбе дар Афғонистон ба пои сандуқҳои раъй рафтанд, дар воқеъ қонуни асосии мардумсолор ва қавонини байналмилалии мундараҷ дар онро интихоб карданд.
Оқои Берман таъкид кард, ки "мо намедонем чӣ касе интихоботро бурдааст, аммо медонем, ки Толибон бохтаанд".
Ӯ гуфт, ки бо вуҷуди хушунатҳои маргбор, ки ҳам дар рӯзи интихобот ва ҳам як рӯз пеш аз он рӯй дод, интихобот ба таъвиқ наафтод ва бештари марокизи раъйгирӣ дар рӯзи интихобот боз буданд.
Ин узви порлумони Урупо гуфт: "Таҳдидҳои онҳо (Толибон) барои мухтал кардани интихобот бо иқдом ба хушунат мунҷар ба марги шаҳрвандон, хабарнигорон, кормандони кумиссиюни мустақили интихобот, маъмурони пулис ва як нозири байналмилалӣ шудааст."
Оқои Берман аз алоқамандии занони афғон барои ширкат дар интихобот низ ситойиш кардааст.
Ӯ гуфт, ки умедвор аст дар оянда шоҳиди ҳалли мушкилоте бошем, ки дар баъзе аз манотиқ сабаби ҳузури камранги занон дар марокизи раъйгирӣ шуд.
Раиси ҳайати нозирони Иттиҳодияи Урупо (ИУ) дар бахши дигаре аз суханони худ аз кумиссиюни мустақили интихобот ба унвони баргузоркунандаи интихобот дар ин кишвар қадрдонӣ кард ва гуфт, ки ин кумиссиюн дар муқоиса бо гузашта рушди чашмгире аз назари сохтори идорӣ ва зарфиятҳои фаннӣ ва иртиботӣ доштааст.
Тиис Берман бо ишора ба тамом шудани пеш аз вақти авроқи раъйдиҳӣ дар баъзе аз марокизи интихоботӣ ин иттифоқро ношӣ аз дар ихтиёр набудани омори ҷомеъ ва муътабар аз теъдоди воҷидони шароит дар ҳар ҳавза донист.
Бо ин ҳол ӯ гуфт, ки ҳайати нозирони Иттиҳодияи Урупо аз таҳқиқоти бештар дар робита бо далоиле, ки мунҷар ба ин масъала шуда, ҳимоят мекунад ва дар ин иртибот бо ниҳодҳои масъул ва нозир ҳамкорӣ хоҳад кард.
Раиси ҳайати нозирони Иттиҳодияи Урупо (ИУ) ҳамчунин хостори шаффоф будани комили раванди кории кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон ва кумиссиюни расидагӣ ба шикоятҳои интихоботӣ шуд ва гуфт, ки ҳайати таҳти раёсати ӯ то поёни комили раванди интихобот дар Афғонистон хоҳад монд.
Савумин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон рӯзи шанбе, 5 апрел баргузор шуд.
Мақомоти кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон мегӯянд бештар аз 325 ҳазор нозири дохилӣ ва хориҷӣ бар раванди раъйгирӣ ва шумориши оро дар ин интихобот назорат доштаанд.
