Эъломи натоиҷи ибтидоии интихоботи Афғонистон ду рӯз ба таъхир афтод

  • 23 Апрел, 2014
Image caption Оқои Бармак гуфт, ки рӯзи панҷшанбе то ҳудуди ҳаштод дарсади натоиҷ эълом хоҳад шуд

Мақомоти кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон гуфтаанд, ки натоиҷи ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, ки қарор буд то ду рӯзи дигар (24 апрел) эълом шавад, рӯзи шанбеи 26 апрел эълом хоҳад шуд.

Бар асоси тақвими интихоботи Афғонистон, қарор буд натоиҷи ибтидоӣ, ки шомили 100 дарсади орои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мешавад, рӯзи панҷшанбе эълом шавад, аммо Сарир Аҳмади Бармак, узви кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ба далели "идомаи баррасии асноди интихоботӣ" ва таътил будани рӯзи ҷумъа дар Афғонистон, ин натоиҷ рӯзи шанбе эълом хоҳад шуд.

Оқои Бармак гуфт, ки дар иваз рӯзи панҷшанбе як бахши дигари натоиҷи қисмӣ, ҳудуди 80 дарсади орои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон эълом хоҳад шуд.

Кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон натоиҷи қисмии шумориши наздик ба 50 дарсади орои шумурдашударо эълом карда буд, ки бар асоси он Абдуллоҳи Абдулло бо касби 44.4 дарсад бештарин ороро аз худ кардааст.

Бар асоси орои эъломшуда, Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо 33.2 дарсад дар радифи дувум қарор дорад. Ҳамчунин Залмайи Расул 10.4 дарсад, Абдулрасули Сайёф 7 дасрад, Қутбиддини Ҳилол 2.7 дарсад, Муҳаммадшафиқ Гулоқо Шерзай 1.6 дарсад, Муҳаммаддовуд Султонзуй 0.5 дарсад ва Ҳидоят Амин Арсло 0.2 дарсади ороъро ба худ ихтисос додаанд.

Бар асоси тақвими интихоботии Афғонистон, пас аз эъломи ибтидоии маҷмӯъи орои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, кумиссиюни шикоёти интихоботӣ 20 рӯз вақт дорад, то ба шикоятҳои интихоботӣ расидагӣ кунад ва натиҷаи ниҳоӣ бояд 15 май эълом шавад.

Бар асоси Қонуни асосии Афғонистон, агар ҳеч як аз номзадони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ тавонистанд бештар аз 50 дарсади ороро ба даст оварданд, интихобот миёни ду номзаде, ки бештарини ороъро ба даст овардаанд, ба даври дувум кашида хоҳад шуд.

Ҷанҷолҳо бар сари ботил кардани сад ҳахзор раъй дар Ҳирот

Image caption Оқои Саъодат гуфта, ки тасмими ниҳоӣ дар мавриди сад ҳазор раъй дар Ҳиротро дафтари марказии кумиссиюни шикоёти интихоботӣ хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол, шуморе аз ниҳодҳои назоратии интихоботи Афғонистон дар нишасте дар Кобул аз тасимми дафтари маҳаллии кумиссиюни шикоёти интихоботӣ барои ботил хондани садҳо раъй дар Ҳирот интиқод карданд.

Абдуллоҳи Шерзай, раиси дафтари маҳаллии кумиссиюни шикоёти интихоботӣ даро Ҳирот ду рӯз пеш эълом кард, ки ба дунболи дарёфти 150 шикояти интихоботӣ дар ин вилоят орои 277 маҳалли раъйгирӣ қарантина шуданд.

Ӯ афзуд, ки дар пайи баррасии ин шикоятҳо аз миёни ороъи қарантинашуда орои 150 маҳалли раъйгирӣ, ки шомили ҳудуди сад ҳазор раъй мешавад, ботил эълом шуд.

Муҳаммаднаъими Аюбзода , раиси бунёди интихоботи шаффофи Афғонистон, дар нишасти рӯзи ссешанбеи худ гуфт: "Мутаассифона ороъи Ҳирот бидуни ҳузури нозирони ниҳодҳои ҷомеъаи маданӣ ботил шудаанд ва ин тасмими кумиссиюни шикоёти интихоботии Афғонистон хилофи моддаи 63-и қонуни интихоботи Афғонистон аст."

Дар моддаи 63-и қонуни интихоботи Афғонистон омадааст, ки "кумиссиюнҳои вилоятии шикоёти интихоботӣ муваззафанд дар хилоли 10 рӯз баъд аз баргузории интихобот, натоиҷи баррасиҳои хешро нисбат ба шикоёт ниҳоӣ ва нашр кунанд."

Аммо Абдураҳмон Ҳутакӣ, муъовини кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон, дар ин нишаст гуфт: "Теъдоде аз ин авроқи раъйдиҳӣ ҳеч муҳру имзо надошт ва масъулияти онро касе ба уҳда намегирифт, биноан ба таври табиъӣ ин раъй ботил мешуд. Раҳбарии кумиссиюн тасмим гирифт, ки оро ботил шавад."

Пеш аз ин Азизуллоҳ Ориёфар, узви кумиссиюни шикоёти интихоботӣ дар Кобул тасмими ботил хондани сад ҳазор раъйро аз сӯйи дафтари маҳаллии ин кумиссиюн дар Ҳирот ғайриқонунӣ хонда буд.

Матолиби муртабит