Карзай: Умедворам натоиҷи интихобот дар замони таъйиншуда эълом шавад

  • 18 Апрел, 2014
Image copyrightAFP Getty Images
Image caption Оқои Карзай беш аз як даҳа зимомдори Афғонистон баъд аз Толибон буд ва қарор аст, ки бо эъломи натоиҷи интихобот қудратро ба раиси ҷумҳури мунтахаби баъдӣ интиқол диҳад

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, дар баёнияи родиюии худ, ки ҳар 15 рӯз як бор нашр мешавад, ибрози умедворӣ кардааст, ки Кумиссиюнҳои мустақили интихобот ва расидагӣ ба шикоятҳои интихоботӣ натоиҷи интихоботро дар замони таъйиншуда эълом кунад.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 5 апрел баргузор шуд ва бар асоси барномарезии анҷомшуда натоиҷи шумориши оро бояд то рӯзи 23 апрел эълом шавад.

То кунун кумиссиюни интихобот фақат 10 дарсади ороро шумориш ва натиҷаи онро эълом кардааст. Раванди кунди шумориши оро акнун боъиси нигаронии мардуми Афғонистон шудааст.

Оқои Карзай дар ин баёния, ки шаби гузашта нашр шуд, таъкид карда, ки номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон бояд ба раъйи мардум ва натоиҷи машрӯъи интихобот эҳтиром бигузоранд, то субот, эътимод ва мардумсолорӣ дар ин кишвар таҳким шавад.

Ӯ азудааст, ки раиси ҷумҳури ояндаи Афғонистон раиси ҷумҳури тамоми кишвар аст ва бояд ба вифоқи миллӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳ намояд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамчунин гуфтааст, ки умедвор аст, ки ҳукумати ҷадиди Афғонистон барои тараққӣ, оромиш, сулҳу субот дар ин кишвар гомҳои асосиро бардорад.

Ҳомиди Карзай аз Кумиссиюнҳои интихобот ва расидагӣ ба шикояти интихоботӣ хоста, ки раванди интихоботи ин кишварро бар асоси қонун ва ба шакле мустақил ва шаффоф пеш бибаранд, то иродаи мардуми Афғонистон дар он тамсил шавад.

Аз рӯзи баргузории интихобот то кунун гумоназаниҳо дар мавриди натоиҷи интихобот эҳтимоли тақаллуб ва дастбурд ба орои мардум, гузоришҳои марбут ба музокироти пинҳонӣ ва нигарониҳо аз эъмоли нуфузи давлат бар натоиҷи интихобот то ҳадде муҷиби эҷоди фазои беэътимодӣ шудааст.

Матолиби муртабит