Натоиҷи кулли орои интихоботи Афғонистон имрӯз эълом мешавад
Image copyrightAFPҚарор аст то соъоте дигар Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон натоиҷи кулли орои интихоботи риёсати ҷумҳурии 16 фарвардин (5 апрел) дар ин кишварро эълом кунад.
Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон ду рӯз пеш дар охирин бахш аз натоиҷи аввалияи ин интихобот натоиҷи аввалияи 82,59 дарсади орои умумиро эълом кард, ки бар асоси он Абдуллоҳи Абдуллоҳ бо касби 43,8 дарсади раъй ҳамчунон пештоз аст.
Бар асоси ин омор, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, номзади дигари интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, низ дар мақоми дувум қарор дорад ва аз миёни ҳудуди 80 дарсади орои шумурдашудаи аввалия 32,9 дарсад раъй овардааст.
Юсуфи Нуристонӣ, раиси Кумисиюни мустақилли интихобот, дар ҷараёни эъломи натоиҷи аввалия дар панҷшанбеи гузашта гуфт: "Шак дорам, ки дар марҳилаи аввал яке аз номзадон барандаи интихобот бошад."
Бар асоси қонуни Афғонистон, номзади баранда дар даври аввали интихобот ниёз дорад бештар аз панҷоҳ дарсади орои умумиро ба даст оварад ва дар ғайри ин сурат, интихобот миёни ду номзади аввал ва дувум ба даври дувум хоҳад рафт.
Бо ин ҳол, пас аз эъломи натоиҷи кулли оро Кумисиюни шикоёти интихоботи Афғонистон 20 рӯз вақт дорад, то ба шикоёти марбут ба тақаллуб ва тахаллуф дар интихобот расидагӣ кунад ва натиҷаи ниҳоии интихоботи риёсати ҷумҳурӣ пас аз он мушаххас хоҳад шуд.
Гуфта мешавад наздик ба ду ҳазор сандуқи раъйи машкук дар саросари Афғонистон шиносоӣ шуда ва аъзои кумисиюнҳои интихоботӣ саргарми баррасии дубораи ин сандуқҳо ҳастанд.
Дирӯз мақомҳои Кумисиюни расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ гуфтанд, ки орои бештар аз 70 маҳал ва маркази раъйгириро ботил кардаанд.
Сухангӯйи ин кумисиюн гуфт, ки орои ботилшуда мутаъаллиқ ба 32 маҳал ва 42 маркази раъйгирӣ аст.
Пеш аз ин низ дафтари маҳаллии Кумисиюни шикоёт дар Ҳирот 100 ҳазор раъйро ботил эълом карда, ки албатта ин тасмим бояд аз сӯйи дафтари марказии ин кумисиюн таъйид шавад.
