Муборизоти даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон оғоз шуд

  • 22 Май, 2014
Image caption Ҳар ду номзад аз имрӯз муборизоти интихоботии худро барои даври дувуми интихобот оғоз карданд

Бар асоси ҷадвали замонбандии кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон муборизоти интихоботӣ барои баргузории даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, рӯзи панҷшанбеи, 22 май оғоз шуд.

Кумиссиюни мустақили интихобот ҳамзамон бо эъломи натоиҷи ниҳоӣ ҷадвали баргузории даври дувуми интихоботро эълом кард ва ба ду номзади пештоз 20 рӯз вақт дода то аз ин фурсат барои идомаи таблиғоти интихоботӣ ва муъаррифии барномаҳои худ истифода кунанд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар интихоботе, ки қарор аст дар 16 июн баргузор шавад, бо ҳам рақобат мекунанд.

Кумиссиюни мустақили интихобот гуфта, ки сақфи муҷози ҳазинаи таблиғоти интихоботии ҳар як аз ду номзад 10 милюн афғонӣ (муъодили 200 ҳазор дулори омрикоӣ) аст ва номзадон бояд мизони ҳазинаи таблиғотии худро ба кумиссиюни интихобот гузориш диҳанд.

Гуфта мешавад, ки ҳазинаи муборизоти интихоботӣ дар ду даври аввали интихобот бисёр зиёд буд, аммо ҳанӯз эълом нашуда, ки номзадони даври аввал чи миқдор пул барои таблиғот дар рақобатҳои интихоботӣ масраф кардаанд.

Нурмуҳаммади Нур, сухангӯйи кумиссиюни мустақили интихобот, дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт, ки корзорҳои интихоботии номзадон то 24 соъат қабл аз рӯзи раъйгирӣ (марҳилаи сукут) идома хоҳад дошт.

Сухангӯйи кумиссиюни интихобот гуфт, ки бо ду номзади даври дувуми интихобот ҷаласаҳое доштаанд ва дар мавриди наҳваи муборизоти интихоботӣ бо онон суҳбат кардаанд. Оқои Нур таъкид кард, ки ҳеҷ номзад ва ё ситодҳои интихоботии номзадон ҳақ надоранд, ки ба масоили қавмӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ доман бизананд ва дар ин маврид ба номзадони интихобот ҳам гӯшзад шудааст.

Дар ҷараёни баргузории даври аввали интихобот номзадони интихобот аз якдигар интиқод кардаанд, ки дар баҳсҳои телевизиюнӣ ба масоъили қавмӣ доман задаанд ва саъй кардаанд, ки бо истифода аз ҳассосиятҳои қавмӣ ва забонӣ ҳомиёни худро бештар кунанд.

Мудохилаи афроди ҳукуматӣ дар баргузории интихобот аз нигарониҳои умдаи кумиссиюни интихобот ва ду номзади пештоз аст. Масъулони кумиссиюни интихобот аз ҳукумат хостаанд, дасти ниҳодҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ ва коркунони ҳукуматро аз мудохила дар интихобот кӯтоҳ кунад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади пештози интихоботи раёсти ҷумҳурӣ ҳам гуфта, ки нерӯҳои амниятӣ ва соири вобастагони ҳукуматӣ бояд дар ҷараёни интихобот ба нафъ ва ё зарари номзади мушаххасе кор накунанд.

Ҳар як аз ду номзади даври дувуми интихобот наметаовнанд беш аз даҳ милюн афғонӣ барои муборизоти интихоботи худ пул масраф кунанд.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай дувумин номзади даври дувуми интихобот низ аз Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, хоста, ки ба афроди ҳукуматӣ иҷоза надиҳад, ки дар интихобот мудохила кунанд ва ба раиси ҷумҳурӣ ҳам гуфта, ки бетарафии худро дар даври дувуми интихобот низ ҳифз кунад.

Оқои Карзай пайваста ба зердастони худ дастур дода, ки дар интихобот бетараф бошад, аммо гузоришҳое аз мудохилаи нерӯҳои ҳукуматӣ дар даври аввали интихобот вуҷуд дошт.

Кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон ҳафтаи гузашта раҳнамудҳои тозаеро ба одреси номзадони даври дувуми интихобот ироа кард, ки ба асоси ин раҳнамудҳо ҳар як аз ду номзади пештоз бояд 25 ҳазор нозир ба кумиссиюни интихобот муъаррифӣ кунад ва ин нозирон амалан дар раванди баргузории даври дувуми интихобот ҳузур дошта бошанд дар ғайри он агар номзаде дар яке аз маҳаллоти раъйдиҳӣ нозир надошта бошад, ҳаққи шикоят дар мавриди натоиҷи он маҳаллро нахоҳад дошт.

Матолиби муртабит