Абдуллоҳ ва муъовинаш ба ниҳодҳои интихоботии Афғонистон ҳушдор доданд

  • 29 Апрел, 2014
Абдуллоҳ ва Муҳаққиқ
Image caption Оқои Абдуллоҳ ва муъовини дувумаш суханони ҳушдоромезе ба забон оварданд

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади пештоз дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо ҳушдор ба Кумиссиюни мустақили интихобот гуфт, ки "ҳиҷ бозӣ" дар мавриди натоиҷи интихобот аз чашми мардум дур нахоҳад монд ва ба анҷом нахоҳад расид.

Оқои Абдуллоҳ дар нишасте сухан мегуфт, ки ба муносибати 22-умин солгарди пирӯзии гурӯҳҳои муҷоҳидин ва суқути давлати дуктур Наҷибуллоҳ дар Кобул баргузор шуда буд.

Дар ин нишаст Муҳамадюнуси Қонунӣ, муъовини дувуми раиси ҷумҳурӣ, Залмай Расул, вазири хориҷаи пешин ва номзаде, ки бар асоси натоиҷи ибтидоии ороъ дар радаи сеюм қарор дорад ва шуморе аз раҳбарон ва фармондеҳони ҷиҳодӣ ҳузур доштанд.

Оқои Абдуллоҳ афзуд, ки тимаш тасмим гирифта буд, ки то эъломи натоиҷи ниҳоии интихобот ҳарфе назанад то боъиси ташвиқи азҳони мардум нашавад, "аммо вақте ки бубинем дар ҷое ҳақталафӣ сурат мегирад, ба мардуми Афғонистон ваъда медиҳем, ки садои мо хомӯш нахоҳад буд ва аз ҳақи мардум иншоаллоҳ дифоъ мекунем."

Аммо тундтарин интиқодро Муҳаммади Муҳаққиқ, муъовини дувуми оқои Абдуллоҳ матраҳ кард.

Оқои Муҳаққиқ гуфт: "Ҳарфи мо ин аст ки чиро бо раъйи мардуми Афғонистон бозӣ мешавад? Чиро миллате, ки тими мавриди назарашро ба қуллаҳои пирӯзӣ расонда, ҳаққаш зойеъ шавад?"

Image copyrightIEC
Image caption Муҳаммади Муҳаққиқ гуфта, ки ниҳодҳои интихоботӣ "шуъбадабозӣ" дарнаёваранд

Муъовини дувуми оқои Абдуллоҳ гуфт, ки ба шикоятҳои онҳо расидагӣ намешавад ва шикоятнома дар мавриди тақаллуботи интихоботӣ дар ниҳодҳои интихоботӣ ба сурати "худкор" ба баргаҳои "ҷаълии дигар" тағйир дода мешаванд.

Муҳаммад Муҳаққиқ аз Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурӣ ҳам хост ҷилави "тақаллуботе"-ро бигирад, ки ба гуфтаи ӯ "дар ҳамин шабу рӯзҳо" ва пас аз интихобот ҷараён дорад. Ӯ афзуд, ки оқои Карзай бояд дар марҳалаи охири раёсати ҷумҳурии худ кишварро ба суи "буҳрон савқ надиҳад".

Оқои Муҳаққиқ ҳамчунин гуфт: "Бародароне, ки дар кумиссиюн ҳастанд, албатта баъзеҳояшонро мегӯям, онҳое ки масдари асосии корҳо ҳастанд, корҳои ношоистае кардаанд, ки мо [дар мавриди онҳо] санад дорем."

Ҳам оқои Абдуллоҳ ва ҳам муъовини дувумаш ба изҳороти ахири Ашрафғанӣ Аҳмадзай, ки гуфта буд набояд аз рафтани интихобот ба даври дувум ҳарос дошт, вокуниш нишон доданд ва гуфтанд, ки ҳеҷ ҳаросе аз рафтан ба даври дувуми интихобот надоранд.

Оқои Муҳаққиқ бо "фарзи маҳол" хондани рафтани интихобот ба даври дувум, гуфт ки "дар даври дувум ҳамчунон ҳамоса биофаринем, ки рақибони мо дасту по овезонтар аз имрӯз ба саҳна биёянд."

Image caption Ҳам оқои Абдуллоҳ ва ҳам муъовини дувумаш ба изҳороти ахири Ашрафғанӣ Аҳмадзай, ки гуфта буд набояд аз рафтани интихобот ба даври дувум ҳарос дошт, вокуниш нишон доданд

Ӯ гуфт, ки агар интихобот ба даври дувум биравад, бархе аз "номзадҳои нисбатан пештоз" дигар ба тими ислоҳот ва ҳамгаройӣ хоҳанд пайваст ва орои ин тим ба болои ҳафтод дарсад расид.

Оқои Муҳаққиқ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳам хост, ки аз шафофияти раванди интихобот назорат кунад.

Бар асоси натоиҷи муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳеҷ як аз номзадҳо баранда нашуда ва оқои Абдуллоҳ 44,94 ва оқои Аҳмадзай 31,47 дарсади кулли ороро касб кардаанд. Ҳануз сарнавишти 444 сандуқи дигар номушаххас аст ва ҳудуди сад ҳазор раъйи дигар ботил эълом шудааст.

Матолиби муртабит