Натоиҷи аввалияи интихоботи Афғонистон: 'Ҳеч номзаде пирӯз нашуд'

Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон бо эъломи натоиҷи аввалияи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ гуфта, ки ҳеч як аз номзадҳо баранда нашудааст.
Аҳмад Юсуфи Нуристонӣ, раиси ин кумисиюн, омори комили натоиҷи аввалияро дар ҳузури нозирони интихоботӣ ва хабарнигорон эълом кард, ки бар асоси он Абдуллоҳи Абдуллоҳ 44,9 дарсад ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 31,5 дарсад аз кулли орои умумиро касб кардаанд.
Шаш номзади дигар бо фосилаи зиёд дар радифҳои баъдӣ қарор гирифтаанд: Залмай Расул 11,5 дарсад, Абдурраб Расули Сайёф 7,1 дарсад, Қутбиддини Ҳилол 2,8 дарсад, Муҳаммадшафиқи Гулоқо Шерзай 1,6 дарсад, Довуди Султонзӯй 0,5 дарсад ва Ҳидоят Амин Арсало 0,2 дарсад.
Бар асоси қонун, номзаде, ки беш аз 50 дарсади ороро ба даст оварад, баранда шинохта мешавад. Ҳоло, ки орои ҳеч як аз номзадҳо ба ин мизон нарасида, ва дар сурате ки сиҳҳати арқоми аввалия таъйид шавад, даври дувуми интихобот бо ширкати ду номзаде, ки бештарин ороро ба даст овардаанд, дар рӯзи ҳафтуми ҷавзо/хурдод баргузор хоҳад шуд.
Бо вуҷуди ин, оқои Нусритонӣ гуфт, ки дарсади эъломшуда ниҳоӣ нест ва Кумисиюни шикоёти интихоботӣ то камтар аз 20 рӯзи дигар фурсат дорад, ки ба шикоятҳои эҳтимолии номзадҳо дар бораи ин натоиҷ расидагӣ кунад ва ба ин тартиб эҳтимоли тағйири натоиҷи аввалияи интихобот мунтафӣ нест.
Дар замони шумориши натоиҷи аввалияи интихобот орои садҳо сандуқ ботил эълом шуд. Ибтидо дар вилояти ғарбии Ҳирот ҳудуди сад ҳазор раъй аз сӯйи дафтари вилоятии Кумисиюни шикоёти интихоботӣ ботил эълом шуд ва ба дунболи он дафтари марказии ин ниҳод аз ибтоли ҳазорҳо раъйи дигар хабар дод.
Расидагӣ ба шикоятҳо дар хусуси тақаллуб ва тахаллуф дар шонздаҳуми фарвардин/ҳамал пас аз эъломи натоиҷи аввалияи он ҳам идома хоҳад дошт.
Ба дунболи расидагӣ ба ин шикоятҳо, натоиҷи ниҳоии интихобот дар 24 урдибиҳишт/савр (14 май) эълом хоҳад шуд. Агар бо эъломи натоиҷи ниҳоӣ тағйири умдае дар натоиҷи интихобот сурат нагирад, даври дувуми интихобот ду ҳафта баъд аз он баргузор мешавад.
Дар чунин сурате, ин дувумин бор хоҳад буд, ки интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон ба даври дувум кашида мешавад. Дар интихоботи соли 1388 (2010) низ интихобот миёни Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ ба даври дувум кашида шуд, аммо оқои Абдуллоҳ аз ширкат дар даври дувум инсироф дод.
Оқои Абдуллоҳ он замон гуфт, ки мудирони аршади Кумисиюни интихобот дар тақаллубҳо даст доранд ва бояд аз мақомҳои худ барканор шаванд, аммо оқои Карзай, ки дар он замон ҳамзамон бо рақобат дар интихобот дар мақоми риёсати ҷумҳурӣ низ буд, ин дархости ӯро напазируфт.
Дар интихоботи аввал рақибони оқои Карзай пирӯзии ӯро пазируфтанд, аммо дар интихоботи дувум, ки бо баррасии иддаъоҳои тақаллуб, орои оқои Карзай ба зери панҷоҳ дарсад суқут кард, Абдуллоҳи Абдуллоҳ, рақиби ӯ, ба далели пазируфта нашудани шароиташ аз ширкат дар даври дувуми интихобот инсироф дод.
