Баргузории даври дувуми интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон

  • 14 Июн, 2014
Image copyrightAFP l GettyImages

Даври дувуми интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон расман соъати ҳафти субҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд.

Раиси кумисиюни мустақилли интихобот бо андохтани нахустин раъй аз мардум хост, ки рӯйдоди шонздаҳи ҳамал (16 фарвардин-5 апрел)-ро такрор кунанд ва ҳузури густарда дошта бошанд.

Юсуфи Нуристонӣ гуфт, ки аз субҳи рӯзи шанбе 6365 маркази раъйгирӣ, ки дарбаргирандаи 23136 маҳалли раъйгирӣ аст, дар саросари кишвар боз шудааст. Вай аз нерӯҳои амниятӣ барои таъмини амнияти интихобот ситоиш кард ва аз сарбозони афғон хост, ки дар раванди раъйгирӣ мудохила накунанд.

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, раъйи худро дар маркази интихоботии лисе Амонӣ дар наздикии дафтари риёсати ҷумҳурӣ ба сандуқ рехт ва гуфт: "Дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ раъй бидиҳед ва раиси ҷумҳурӣ интихоб кунед ва бо раъйи худ боъиси сабот ва тараққӣ дар Афғонистон шавед."

Соъате қабл аз гушоиши марокизи раъйгирӣ садои чанд инфиҷор дар Кобул шунида шуд. Мақҳомҳои пулис асобати ду мушак дар пойтахтро таъйид карданд, аммо гуфтанд ин ҳамалот талафоте надоштааст.

Тадобири амниятӣ дар пойтахт ва соири вилоёти Афғонистон аз рӯзҳо қабл ташдид ёфтааст. Вурудиҳои пойтахт ба рӯйи ҳама, ба истиснои кормандони кумисиюни интихобот, нозирон ва коркунони беҳдоштӣ ва беморон баста шудааст.

Аҳмади Шифоӣ, хабарнигори Би-би-сӣ дар яке аз маҳаллоти раъйгирӣ дар ғарби Кобул, мегӯяд, ки мардум зудтар аз замони оғоз ба кори марокиз, барои раъйдиҳӣ дар маҳаллоти раъйгирӣ ҳозир шуданд. Нозирон ва мушоҳидин ба ӯ гуфтаанд, ки то кунун мушкиле дар раванди раъйгирӣ набудааст.

Муҳаммадхон, аз аввалин раъйдиҳандагон дар яке аз марокизи раъйгирӣ дар ғарби Кобул, ба Би-би-сӣ гуфт: "раъй додам, то дигар фарзандони афғон барои як луқма нон ва кор овораи кишварҳои дигар нашаванд."

Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, номзадони пештози даври аввали интихобот, ки 16 фарвардин (5 апрел) баргузор шуд, ҳоло дар даври дувум барои расидан ба курсии риёсати ҷумҳурӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Оқои Абдуллоҳ дар даври аввал 45 дарсади оро ва оқои Аҳмадзай 31,5 дарсади ороро ба даст оварданд.

Абдуллоҳи Абдуллоҳ дастикам дар ду даҳаи гузашта ҳамвора дар саҳнаи сиёсат ҳузури фаъъол доштааст ва дар як даҳаи гузашта раҳбарии мухолифони сиёсии давлати Ҳомид Карзайро ба уҳда доштааст.

Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай аз чеҳраҳои окодемик аст, ки дар ин рақобат ширкат дорад. Ӯ 60 сол дорад. Дар Лубнон ва Омрико таҳсил карда ва дуктурои мардумшиносӣ дорад. Оқои Ғанӣ баъд аз сӣ соли табъид бо сарнигунии гурӯҳи Толибон ба Афғонистон бозгашт.

Нидо Коргар, хабарнигори эъзомии Би-би-сӣ ба шимоли Афғонистон, мегӯяд, ки раъйгирӣ дар шаҳри Мазори Шариф дар фазои гарду хоки шадид оғоз шуда ва бо ин ҳама мардум дар марокизи раъйгирӣ ҷамъ шудаанд.

Ҳузури густардаи мардуми Афғонистон дар интихоботи даври аввал бо истиқболи ҷомеъаи ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд. Шумори зиёде аз мардум мегӯянд, ки дар ин давр аз интихобот низ иштирок мекунанд, то чашмандози рӯшантаре аз сарнивишти худ дошта бошанд.

Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон гуфта, ки барои воҷидони шароити раъйдиҳӣ 15 милюн баргаи раъй чоп кардааст. Шумори афроде, ки метавонанд дар Афғонистон раъй бидиҳанд, чаҳордаҳ милюн нафар тахмин зада шуда, аммо дар даври аввали интихобот ҳудуди ҳафт милюн нафар ширкат карданд.

Матолиби муртабит