Абдуллоҳи Абдуллоҳ аз як ҳамлаи интиҳорӣ ҷони солим бадар бурд

  • 6 Июн, 2014
Image copyrightali.mujtaba
Image caption Инфиҷор дар наздикии як ҳамоиши интихоботӣ иттифоқ уфтод

Дар натиҷаи ҳамлаи интиҳорӣ ба корвони интихоботии Абдуллоҳи Абдуллоҳ, яке аз ду номзади даври дувуми интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон, худрави оқои Аӣбдуллоҳ мунҳадим шуда, аммо ба худи ӯ осебе нарасидааст.

Ин инфиҷор ҳаволии зуҳри рӯзи ҷумъа, 6 июн, дар ҳумаи шимоли ғарбии Кобул, пойтахт иттифоқ афтод.

Ҳашмат Истонакзай, сухангӯйи пулиси Кобул, ба Би-би-сии форсӣ гуфтааст, ки инфиҷор соъати 12-и зуҳр ба вақти маҳаллӣ иттифоқ афтодааст.

Зоҳири Зоҳир, фармондеҳи пулиси Кобул ба хабарнигорони ҳозир дар маҳалли ҳодиса гуфта, ки дар ин рӯйдод дастикам ду нафар, аз ҷумла як муҳофизи Абдуллоҳи Абдуллоҳ кушат шуда ва шонздаҳ нафари дигар захмӣ шудаанд.

Аммо Садиқи Садиқӣ, сухангӯйи вазорати кишвари Афғонистон, ба Оссушиэйтед Пресс гуфт, ки дар ин ҳодиса чаҳор ғайринизомӣ кушта шудаанд, вале ба ҳеч як аз ҳамроҳони оқои Абдуллоҳ осебе нарасидааст.

Абдуллоҳи Абдуллоҳ низ лаҳазоте пас аз ин рӯйдод дар телевизиюнҳои маҳаллӣ зоҳир шуд ва гуфт, ки чан тан аз муҳофизонаш захмӣ шудаанд.

Аъзои гурӯҳи интихоботии Абдуллоҳи Абдуллоҳ гуфтаанд, ки инфиҷор замоне ба вуқӯъ пайваст, ки маросими интихоботии гурӯҳи ислоҳот ва ҳамгироӣ дар солуни Ориёно дар ҷараён буд.

Алии Ризвонӣ, аз аъзои гурӯҳи интихоботии Абдуллоҳи Абдуллоҳ, ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар ин рӯйдод худрави ҳомили оқои Абдуллоҳ мунҳадим шуда, аммо ба худи ӯ осебе нарасидааст.

Оқои Абдуллоҳ аз солуни Ориёно ба тарафи ҳутели "Интерконтинентол", ки маросими дигаре ҷараён дошт, дар ҳаракат буд, ки инфиҷор иттифоқ афтод.

Расонаҳои Афғонистон ҷараёни муборизоти интихоботии ӯро ба таври зинда пахш мекарданд.

То камтар аз даҳ рӯзи дигар даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон баргузор мешавад ва ду номзади ин интихобот машғули муборизоти интихоботӣ ҳастанд.

Кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон мавзӯъи амниятро чолиши бузурги фаророҳи ин интихобот хондааст. Гурӯҳи Толибон, ки аз як моҳу ним ба ин сӯ амалиёти баҳории худро оғоз кардаанд, ҳушдор дода буданд, ки ин интихоботро барҳам хоҳанд зад.

Матолиби муртабит