Карзай хостори ширкати густардаи мардум дар даври дувуми интихоботи Афғонистон шуд

  • 30 Май, 2014
Image copyrightAFP Getty Images
Image caption Раиси ҷумҳурии Афғонистон аз мардум барои ҳузури густарда дар даври дувум даъват кард

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, аз мардуми ин кишвар хост, ки бо мушорикати худ дар даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Афғонистонро як қадам пештар ба тарафи комёбӣ, субот ва саъодат пеш бибаранд.

Қарор аст даври дувуми интихобот рӯзи 14 июн баргузор шавад ва раъйдиҳандагон байни Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай, ду номзади даври дувум, якеро интихоб кунанд.

Даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 5 апрел баргузор шуд, аммо ҳеҷ як аз номзадҳо натавонист ба ҳадди нисоби лозими оро даст ёбад, аммо Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба унвони ҳоизони бештарин шумори оро ба даври дувум роҳ ёфтанд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон дар баёнияи родиюии худ, ки ҳар 15 рӯз як бор нашр мешавад, бо тақдир аз мушорикати густардаи мардум дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфт, ки мушорикати густардаи онон дар даври аввал ба Афғонистон иззату ифтихор бахшидааст.

Оқои Карзай таъкид кард, ки бо таваҷҷуҳ ба таҳдидҳои амниятӣ, ҳузури мардум дар пойи сандуқҳои раъйдиҳӣ, боъис шуд, то Афғонистон ба унвони як кишвари мардумсолор, ки мардум ҳуқуқ ва қудрати худро мешиносанд, ба ҷаҳониён муъаррифӣ шавад.

Image copyrightReuters
Image caption Раиси ҷумҳури Афғонистон аз ҳузури густардаи мардум дар даври аввал тақдир кард.

Раиси ҷумҳури Афғонистон хитоб ба мардум гуфт: "Итминон дорам, ки шумо рӯзи 14 июн, ки даври дувуми интихобот аст, ба сӯйи сандуқҳои раъй меравед ва аз ду кондидои пештоз якеро бар асоси майли худ интихоб мекунед."

Оқои Карзай афзуд: "Ба ин тартиб ватани азизи мо ба суботу амнияти беҳтар ва ба тарафи ниҳодина шудани демукросӣ ва мардумсолорӣ гом хоҳад бардошт."

Раиси ҷумҳури Афғонистон орзӯ карда, ки мардуми Афғонистон рӯзи 14 июнро рӯзи комёбии Афғонистон ва рӯзи ҳаракат ба тарафи ояндае дурахшон ва саъодатманд ва гоме барои сулҳу суботи Афғонистон бидонанд ва дар интихобот мушорикати густарда дошта бошанд.

Матолиби муртабит