Раиси ҷумҳурии Афғонистон: Артиш дар раванди интихобот мудохила накунад
Image copyrightReutersҲомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, аз фармондеҳони артиши миллии ин кишвар хост дар раванди баргузории даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар, ки қарор аст шанбеи 14 июн баргузор шавад бетарафии комилашонро ҳифз кунанд.
Бар асоси эъломи дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон, оқои Карзай баъд аз зуҳри дирӯз дар як видию-кунфронс бо тамоми фармондеҳони аршади артиши миллии Афғонистон гуфт: "Таваққуъи ман ин аст, ки монанди даври аввали интихоботи раёсат дар таъмини амнияти даври дувуми интихобот низ бо истифода аз тамоми имконот саъю талоши ҷиддӣ намуда ва бо иттихози иқдомоти муассири амниятӣ беҳтарин заминаро барои иштироки ҳамватанони азиз дар интихобот фароҳам намуда ва бетарафии комили худро дар интихобот ҳифз кунед."
Раиси ҷумҳурии Афғонистон баргузории даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳуриро як рӯйдоди муҳим ва таърихӣ барои Афғонистон донист ва афзуд, ки шукуфоӣ ва суботи ояндаи афғонистон ба ин интихобот бастагӣ дорад ва ин интихобот гоме муҳим ва арзанда ба сӯйи ояндае босаъодат барои ин кишвар талаққӣ мешавад.
Оқои Карзай таъкид кард, ки ҳар кадом аз ду номзади даври дувуми интихобот, ки баранда шавад, "фарзанди ин кишвар буда ва мо ва шумо ӯро ҳимояту таъйид мекунем."
Оқои Карзай аз исор ва қурбониҳое, ки нерӯҳои анмиятии афғон додаанд, ситоиш кард ва таъкид варзид, ки нерӯҳои амниятии афғон бояд дар масоили сиёсии кишвар, аз ҷумла интихобот, комилан бетараф буда ва дар умури интихобот мудохила накунанд.
Чанде қабл низ оқои Карзай бо судури фармоне аз тамоми нерӯҳои пулис, артиш ва амнияти миллии ин кишвар хост, ки дар раванди интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон бетараф бошанд.
Дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, ки 5 апрел баргузор шуд ниҳодҳои нозир бар интихобот гузорише аз мудохилаи нерӯҳои амниятии афғон дар раванди интихобот мунташир накарданд, вале яке аз номзадҳои дари дувум хостааст, ки маъмурони амниятӣ дар фосилаи 100-метрии марокизи раъйдиҳӣ мустақар шаванд.
Тадобири шадиди амниятӣ
Аз чанд рӯз қабл тадобири амниятии шадиде дар саросари Афғонистон, аз ҷумла шаҳрҳои бузурги ин кишвар эъмол мешавад. Рӯзи ҷумъа дар дохили шаҳри Кобул посгоҳҳои бозрасӣ ба фосилаи чандсадметрӣ аз ҳам эҷод шуда ва маъмурони пулис тамоми худравҳо ва сарнишинони онҳоро бозрасӣ мекунанд.
Ағлаби марокизи умдаи тиҷории шаҳри Кобул имрӯз таътил ҳастанд. Дар ағлаби сохтмонҳои ниматамом нерӯҳои пулис мустақар шудаанд. Нерӯҳои мухолифи давлат ағлаб вориди ин навъ сохтмонҳо мешаванд ва даст ба ҳамлаи мусаллаҳона мезананд.
Дирӯз вазорати дохилаи Афғонистон эълом кард, ки барои таъмини амнияти рӯзи раъйгирӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳар навъ ноамнӣ дар рӯзҳои интихобот монеъи вуруди васоити нақлияи сангин ва борӣ ба шаҳри Кобул мешавад.
Илова бар ин, аз рӯзи ҷумъаи 13 июн то поёни раъйгирӣ дар рӯзи шанбе вуруди мусофирон ба истиснои кормандони кумиссиюни интихобот, нозирони дохилӣ ва байналмилалӣ ва беморону кормандони сиҳӣ ҳам ба Кобул мамнӯъ эълом шудааст.
