Ду корманди кунсулгарии Омрико дар ғарби Афғонистон захмӣ шуданд

  • 28 Май, 2014
Image caption Кунсулгарии Омрико дар Ҳирот соли гузашта ҳадафи ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифта буд

Кунсулгарии Омрико дар Ҳирот таъйид карда, ки субҳи имрӯз (чоршанбеи 28 май) ду шаҳрванди омрикоӣ дар ин шаҳр захмӣ шудаанд.

Масъулони бахши матбуъотии кунсулгарии Омрико дар Ҳирот гуфтаанд худраве ҳомили ин ду нафар, ки кормандони бахши амниятии ин кунсулгарӣ ҳастанд, дар масири фурудгоҳи Ҳирот ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт.

Ба гуфтаи мақомҳои маҳаллӣ, муҳоҷимон савор бар мутурсиклет буданд ва пас аз анҷоми ин ҳамла аз маҳал фирор карданд.

То кунун шахс ё гурӯҳе масъулияти ин рӯйдодро бар уҳда нагирифтаанд.

Рӯзи ҷумъа (23 май) низ дастикам се фарди мусаллаҳ ба кунсулгарии Ҳинд дар Ҳирот ҳамла карданд.

Дар поёни ин рӯйдод тамоми ҳамалкунандагон кушта шуданд.

Гуфта мешавад чаҳор пулис низ дар ин ҳамла захмӣ шуданд.

Матолиби муртабит