Ҳамлаи хунин ба кунсулгарии Ҳинд дар Ҳирот поён ёфт

  • 23 Май, 2014
Image caption Ҳамла ба кунсулгарии Ҳинд дар Ҳирот дар остонаи баргузории маросими адои савганди Нондро Мудӣ, нахуствазири ҷадиди Ҳинд, гузориш мешавад. Қарор аст Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, дар ин маросим ширкат кунад.

Муъовини волии Ҳирот эълом кард, ки бо кушта шудани муҳоҷимони мусаллаҳе, ки ба кунсулгарии Ҳинд дар шаҳри Ҳирот ҳамла карда буданд, даргирӣ расман поён ёфтааст.

Аслиддини Ҷомӣ ба Муҳаммади Қозизода, хабарнигори Би-би-сӣ дар Ҳирот гуфт, ки акнун сохтмоне, ки муҳоҷимон дар он паноҳ гирифта буданд, дар кунтрули нерӯҳои амниятии Афғонистон аст ва ҷасади се тан аз ҳамлакунандагон дар маҳалли даргирӣ пайдо шудааст.

Ӯ гуфт, ки зерзамини ин сохтмон ба далели оташсӯзӣ пур аз дуд аст ва имкон дорад ҷасади муҳоҷими чаҳорум низ дар ин маҳал ёфт шавад.

Мақомҳои амниятӣ гуфтаанд, ки шумори муҳоҷимони мусаллаҳ се ё чаҳор нафар будаанд.

Ба гуфтаи ин мақомҳо, рӯзи ҷумъаи 23 май дар соъати 3:30 дақиқаи бомдод ба вақти маҳаллӣ афроди мусаллаҳ ба сохтмони кунсулгарии Ҳинд дар вилояти Ҳирот ҳамла карданд ва бо маъмурони амниятӣ даргир шуданд.

Ин даргирӣ то зуҳр идома дошт

Муҳаммад Қозизода, хабарнигори Би-би-сӣ, ки дар маҳалли ҳодиса ҳузур дошт, мегуфт садои шиллики гулӯла ва инфиҷори шадид шунида мешуд ва нерӯҳои амниятии афғон дар маҳал ҳузури сангин доштанд.

Ӯ мегӯяд даргирӣ байни ду тараф гоҳе шиддат мегирифт ва садои партоби бумби дастӣ ва силоҳи сабук аз маҳал шунида мешуд.

Ба гуфтаи ӯ се марди мусаллаҳ вориди яке аз сохтмонҳои маскунӣ дар пушти кунсулгарии Ҳинд шуданд ва аз онҷо ба кунсулгарӣ оташ гушуданд.

Мақомоти пулис мегӯянд, ки тавонистанд тамоми сокинони ин хонаро бидуни ин ки осебе ба онҳо бирасад, аз ин маҳал хориҷ ва ба маҳалли амне мунтақил карданд.

Image caption Акнун нерӯҳои афғон дар маҳал ҳузур доранд ва даргирӣ низ идома дорад.

Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои вокуниши сареъ ва кумондуҳои артиши миллии Афғонистон дар маҳалли ҳодиса ҳузур доранд, аммо ҳанӯз ҳеч низомии хориҷӣ дар маҳалли даргирӣ дида намешавад.

Сафоратии Ҳинд дар Кобул низ дар саҳфаи Твитери худ ҳамлаи се фарди мусаллаҳи ношинос ба кунсулгарии ин кишвар дар Ҳиротро таъйид крда ва гуфтааст, ки яке аз ҳамлакунанданон кушта шудааст, аммо ду нафари дигар ҳанӯз бо нерӯҳои амниятӣ ва муҳофизон даргир ҳастанд.

Аюби Солангӣ, муъовини амниятии взорати дохилаи Афғонистон, дар сафҳаи Твитери худ бо таъйиди ин ҳамла навиштааст, ки субҳи имрӯз се муҳоҷими интиҳорӣ ба як хона дар Ҳирот ҳуҷум бурданд ва аз ин маҳал ба тирандозии пароканда ба сӯйи кунсулгарии Ҳинд пардохтаанд.

Мақомоти пулиси Афғонистон гуфтаанд, ки ин афрод ба силоҳи сабук ва рокетандоз муҷаҳҳаз будаанд ва яке аз онон дар тирандозии нерӯҳои пулис кушта шудааст.

Вазорати хориҷаи Ҳинд эълом кардааст, ки ба кормандони кунсулгарӣ ва атбоъи ҳиндии мустақар дар ин маҳал осеб нарасидааст.

Сентябри соли 2013 низ кунсулгарии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар вилояти Ҳирот ҳадафи ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифт.

Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамла ба кунсулгарии Ҳинд дар Ҳиротро бар уҳда нагирифтааст.

Ҳамла ба кунсулгарии Ҳинд дар Ҳирот дар остонаи баргузории маросими адои савганди Норендро Мудӣ, нахуствазири ҷадиди Ҳинд,гузориш мешавад. Қарор аст Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, дар ин маросим ширкат кунад.

Дар ҳоле ки равобити давлати Афғонистон бо Покистон ба далели ихтилофи назар бар сари ҳимояти хориҷӣ аз шӯришиёни зиддидавлатӣ дар Афғонистон чандон гарм набуда, давлати оқои Карзай равобити хубе бо Ҳинд, рақиби суннатии Покистон дар минтақа, доштааст.

Покистон ҳаамвора аз нуфузи Ҳинд дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кардааст. Чанд сол қабл сафорати Ҳинд дар Кобул ҳадафи ҳамлаи интиҳорӣ қарор мегирад, ки дар ҷараёни он ҳудуди чиҳил нафар кушта ва бо яксад нафар захмӣ шуданд.

Он ҳамла вокуниши густардаеро дар дохилу хориҷи Афғонистон ба дунбол овард.

Image copyrightAFP
Image caption Садиқи Садиқӣ, сузангӯйи вазорати дохилаи Афғонистон дар сафҳаи Твитери худ навишт, ки тамоми афроди мусаллаҳи ҳамлакунанда ба кунсулгарии Ҳинд кушта ва акнун нерӯҳои пулис дар ҳоли наҷоти афроди ғайринизомӣ ҳастанд, ки дар ин сохтмон гир мондаанд.

Матолиби муртабит