Ҳамлаи интиҳорӣ дар яке аз дафотири вазорати кишвари Афғонистон

Як ҳамлаи интиҳорӣ дар дохили яке аз дафотири вазорати дохилаи Афғонистон рух дод.
Садиқи Садиқӣ, сухангӯйи вазорати дохилаи Афғонистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки омили интиҳорӣ либоси инттиҳорӣ ба тан доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин шахс баъд аз вуруд ба ин дафтар шиносоӣ шуда ва дар ҳаёти яке аз дафотири марбут ба вазорати дохила маводди ҳамроҳи худро мунфаҷир кард.
Оқои Садиқӣ мегӯяд дар ин рӯйдод чаҳор пулис кушта шуданд.
Ин дафтар ҷудо аз сохтмони аслӣ ва дар наздикии он воқеъ шудааст.
Масъулияти ин рӯйдодро касе бар уҳда нагирифтааст.
Ин ҳамлаи интиҳорӣ дар ҳоле рух медиҳад, ки ду рӯзи дигар ба баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон боқӣ монда ва нерӯҳои амниятии афғон тадобири шадиди амниятиро дар тамоми Афғонистон, бахусус дар Кобул, рӯйи даст гирифтаанд.
