Даври дувуми интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон поён ёфт

  • 14 Июн, 2014
Image copyrightAP

Раванди раъйгирӣ барои даври дувуми интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон расман поён ёфта ва шумориши оро дар шуморе аз марокизи раъйдиҳӣ шурӯъ шудааст.

Нур Муҳаммади Нур, сухангӯйи Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон, ба Би-би-сии Форсӣ гуфт, ки раванди раъйгирӣ соъати чаҳори баъд аз зуҳр расман поён ёфтааст. Вай гуфт, ки бар асоси тарзулъамал, касоне, ки дар марокизи раъйгирӣ боқӣ мондаанд, метавонанд ҳамчунон раъй диҳанд.

Бо тамом шудани раъйдиҳандагон марокизи раъйгирӣ баста ва билофосила шумориши оро оғоз мешавад. Шумориши оро бо ҳузури нозирону мушоҳидон, расонаҳо ва намояндагони номзадҳо сурат мегирад ва ҳамакнун дар бисёре аз марокизи раъйгирӣ дар пойтахт ва вилоёт ин раванд ҷараён дорад.

Ҳоруни Наҷафизода, ҳамкори мо дар Кобул, мегӯяд, ки шумориши оро дар шуморе аз марокизи раъйдиҳӣ дар Кобул, пойтахт, шурӯъ шудааст. Ӯ худ ба яке аз ин марокиз дар шаҳри Кобул рафта ва бахшҳое аз раванди шумориши ороро аз наздик дидааст.

Дар даври дувуми интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай бо ҳам рақобат мекунанд. Дар даври аввал (16 фарвардин/ҳамал - 5 апрел) ҳашт номзад ширкат доштанд, ки оқои Абдуллоҳ бо касби 45 дарсади оро ва оқои Аҳмадзай бо касби 31,5 дарсад ба даври дувум роҳ ёфтанд.

Image copyright

Абдуллоҳи Абдуллоҳ дастикам дар ду даҳаи гузашта ҳамвора дар саҳнаи сиёсат ҳузури фаъъол доштааст ва дар як даҳаи гузашта раҳбарии мухолифони сиёсии давлати Ҳомид Карзайро ба уҳда доштааст.

Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай аз чеҳраҳои окодемик аст, ки 60 сол дорад. Дар Лубнон ва Омрико таҳсил карда ва дуктурои мардумшиносӣ дорад. Вай баъд аз сӣ соли табъид бо сарнигунии Толибон ба Афғонистон бозгашт.

Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон гуфта, ки барои ҳудуди 14 милюн воҷиди шароити раъй 15 милюн баргаи раъй чоп кардааст. Шумори воҷидини шароити раъй дар Афғонистон чаҳордаҳ милюн нафар тахмин зада шуда, аммо дар даври аввали интихобот ҳудуди ҳафт милюн нафар ширкат карданд.

Интихобот соъати ҳафти субҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд ва марокизи раъйгирӣ то соъати чаҳори аср барои раъйдиҳандагон боз буд. Кумисиюн бар хилофи даври аввали интихобот раъйдиҳиро ин бор тамдид накард.

Натоиҷи интихобот дар поёни рӯз дар марокизи раъйгирӣ сурат мегирад, аммо натоиҷи ибтидоӣ аз сӯи Кумисиюни мустақилли интихобот то камтар аз 20 рӯзи дигар дар 11 тир/саратон (4-5 июл) эълом мешавад.

Image copyrightAFP l Reuters

Натоиҷи ниҳоии интихобот пас аз баррасии шикоятҳо дар 31 тирмоҳ/саратон (24-25 июл) эълом мешавад. Маросими таҳлиф (оғози кори) раиси ҷумҳурии ҷадид дувуми мурдод/асад эълом шудааст.

Ҳудуди 400 ҳазор нерӯи амниятии афғон ва хориҷӣ машғули таъмини амнияти интихобот буданд. Тадобири амниятии шадиде дар пойтахт ва соири вилоёти Афғонистон аз рӯзҳо қабл ба роҳ андохта шуда буд.

Толибон мисли даври аввал гуфта буданд, ки интихоботро мухтал хоҳанд кард. Онҳо бо гарм шудани ҳаво амалиёти тобистонии худро ҳам оғоз кардаанд. Дар канори амният, шаффофияти интихобот нигаронии умда буда ва садҳо ҳазор нозири дохилӣ ва хориҷӣ бар ин интихобот назорат доштанд.

Ҳузури густардаи мардуми Афғонистон дар интихоботи даври аввал бо истиқболи ҷомеъаи ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд. Шумори зиёде аз мардум мегӯянд, ки дар ин давр аз интихобот низ иштирок мекунанд, то чашмандози рӯшантаре аз сарнивишти худ дошта бошанд.

Image copyrightReuters

Матолиби муртабит