Убомо хоҳони ҳузури даҳ ҳазор нерӯи омрикоӣ дар Афғонистон то 2016

  • 27 Май, 2014
Борок УбомоImage copyright
Image caption Убомо мехоҳад ин сарбозон то соли 2016 дар Афғонистон бимонанд ва баъд аз он тамомии нерӯҳои омрикоӣ аз Афғонистон хориҷ шаванд

Мақомоти аршади давлати Омрико гуфтаанд, ки Борок Убомо раиси ҷумҳурии ин кишвар мехоҳад то 9800 сарбози ин кишвар пас аз поёни соли 2016 дар Афғонистон бимонанд.

Онҳо гуфтаанд оқои Убомо мехоҳад ин сарбозон то соли 2016 дар Афғонистон бимонанд ва баъд аз он тамомии нерӯҳои омрикоӣ аз Афғонистон хориҷ шаванд.

Ин тарҳи дусолаи Омрико машрут ба имзои мувофиқатномаи амниятӣ аз суи давлати Афғонистон аст.

Дар ҳоле ки раиси ҷумҳур Карзай ҳозир нашуда ин мувофиқатномаро имзо кунад, мақомоти Омрико гуфтаанд мутмаъин ҳастанд, ки ҳар як аз ду номзади даври дувуми интихоботи Афғонистон, ки пирӯз шаванд, ин мувофиқатномаро имзо хоҳанд кард.

Мақомоти Омрико гуфтаанд, ки раиси ҷумҳур Убомо қарор аст ин тарҳи ҷадидро дар суханрониаш авохири имрӯз аз Кохи сафед эълом кунад.

Ҳошияи сафари Убомо ба Афғонистон

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико ду рӯз пеш ба сурати ғайримунтазира ба Афғонистон сафар кард.

Ҳадаф аз ин сафари оқои Убомо назорат бар раванди хуруҷи нерӯҳои низомии Омрико аз Афғонистон хонда шуд ва оқои Убомо дар суханрониаш дар онҷо гуфт: "То охири имсол тамоми сарбозони омрикоӣ аз Афғонистон хориҷ мешаванд ва афғонҳо худ амнияти кишварашонро дар даст мегиранд, мо тавонистем сарони Алқоъидаро аз Афғонистон хориҷ кунем ва ба манотиқи қабоилинишин бифиристем."

Image copyrightAP
Image caption Сафари оқои Убомо ба Афғонистон ҳошияҳои пурсарусадо дошт

Оқои Убомо дар ин сафараш аз Ҳомид Карзай хоста буд, то барои дидори дуҷониба ба пойгоҳи ҳавоии Багром биёяд, аммо оқои Карзай бо ради ин дархост дар баёнияе гуфт, ки ҳозир аст аз раиси ҷумҳурии Омрико дар кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар Кобул пазироӣ кунад.

Дар рӯйдоди ҷудогонаи дигар дафтари расонаии Кохи сафед дар имейле, ки дар ҷараёни ин сафар ба расонаҳо фиристод, ба сурати иштибоҳӣ номи мудири дафтари Созмони Иттилоъоти Марказӣ (СИО)-ро дар Кобул фош сохт.

Дар ин имейл номҳои касоне, ки дар пойгоҳи ҳавоии Багром бо раиси ҷумҳурии Омрико дидор карданд, эълом шуда буд, ки дар миёни онҳо аз мудири СИО дар Афғонистон низ ном бурда шуда буд.

Кохи сафед билофосила бо фиристодани имейли ҷадид номи ин корманди СИО-ро ҳазф кард ва аз расонаҳои Омрико хост то аз бурдани номи ӯ ба далоили амниятӣ иҷтиноб кунанд.

Бар асоси усули иттилоъотӣ дар Омрико номҳои кормандони СИО дар кишварҳое мисли Афғонистон пӯшида мемонанд.

Матолиби муртабит