Панҷ сарбози НОТУ дар ҷануби Афғонистон кушта шуданд

  • 10 Июн, 2014
Image copyrightAP
Image caption Дар вилоятҳои ҷанубии Афғонистон бештар сарбозони омрикоӣ мустақар ҳастанд

Нерӯҳои Байналмилалии Кумак ба Амнияти Афғонистон ба раҳбарии НОТУ эълом карда, ки панҷ низомии узви ин нерӯҳо дар ҷануби Афғонистон кушта шудаанд.

Дар баёнияи ин нерӯҳо, ки субҳи сешанбеи 10 июн ба расонаҳо ирсол шуд, омадааст, ки ин афрод рӯзи гузашта кушта шуданд.

Ин баёния афзудааст, ки бо таваҷҷуҳ ба муқаррароти ОЙСОФ (ISAF), ҳувияти кушташудагон тавассути кишварҳои матбуъи онон эълом хоҳад шуд.

Бархе гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки ин панҷ низомӣ дар асари ҳамлаи ҳавоии НОТУ ба иштибоҳ кушта шудаанд.

Нерӯҳои ОЙСОФ низ эълом карда, ки ин ҳодиса дар ҷараёни як амалиёти низомӣ рух додааст ва афзуда, ки "мутаассифона имкони ин вуҷуд дорад, ки ин нерӯҳо ҳадафи ҳамлаи худӣ қарор гирифта бошанд."

Дар хабарномаи ин нерӯҳо омада, ки таҳқиқот дар бораи иллати ин ҳодиса идома дорад ва ОЙСОФ бо хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодиса ибрози ҳамдардӣ мекунад.

Гурӯҳи Толибон низ муддаъӣ шудааст, ки ҳаволии соъати 9-и шаби гузашта воҳидҳои НОТУ дар вулусволии Арғандоби вилояти Зобул дар ҷануби Афғонистон ҳадафи ҳамлаи ҳавопаймоҳои худӣ қарор гирифтанд.

Ин гурӯҳ аз теъдоди кушташудагон изҳори беиттилоъӣ кардааст.

Рӯзи гузашта низ як сарбози НОТУ ба марги табиъӣ дар шарқи Афғонистон даргузашт.

Гуфта мешавад, аз замони оғози барномаи интиқоли масъулиятҳои амниятӣ аз нерӯҳои амниятӣ аз нерӯҳои байналмилалӣ ба нерӯҳои афғон, мизони талафоти нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ба тарзи чашмгире коҳиш ёфтааст.

Дар ҳоли ҳозир ҳидояти тамоми амалиётҳои низомӣ дар саросари Афғонистон ба нерӯҳои амниятии афғон вогузор шуда ва нерӯҳои НОТУ дар сурати ниёз танҳо вазифаи пӯшиши ҳавоӣ барои ин нерӯҳоро бар уҳда мегирад.

Бештари нерӯҳои НОТУ, ки дар Афғонистон боқӣ мондаанд, саргарми омӯзиши нерӯҳои амниятии афғон ҳастанд.

Аз оғози соли ҷорӣ то кунун 36 низомии НОТУ дар Афғонистон кушта шудаанд.

Матолиби муртабит