Як чархболи ОЙСОФ дар ҷануби Афғонистон суқут кард

Рӯзи панҷшанбеи 29 май нерӯҳои ҳофизи сулҳ ва ёрии амният дар Афғонистон (ISAF) таъйид карданд, ки як чархболи ин нерӯҳо рӯзи гузашта дар ҷануби Афғонистон суқут кард.
Дар хабарномаи ин нерӯҳо омада, ки як сарнишиини ин чархбол дар ин ҳодиса кушта шудааст.
Иллати суқути ин чархбол дар хабарнома рӯшан нест.
Аммо хабарнигори Би-би-сӣ дар Қандаҳор мегӯяд ин чархбол дар вулусволии Маъруфи ин вилоят дар натиҷаи бархӯрд бо як бурҷи мухобиротӣ суқут кардааст
Сониҳаҳои ҳавоӣ аз пурталафоттарин ҳаводис барои нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон будааст.
Як пулис кушта ва панҷ пулис захмӣ
Дар рӯйдодҳои дигаре дар Афғонистон инфиҷори мини канориҷодаӣ дар вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон талафоте ба нерӯҳои пулиси афғон ворид карааст.
Инфиҷори мин субҳи рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Қандаҳор рух доааст.
Мақмомоти аниятӣ дар ин влоят мегӯянд як худраве пулис дар ин рӯйдод мунҳадим шуд ва дар натиҷаи он як пулис ҷони худро аз даст дод ва панҷ маъмури дигар захмӣ шуданд.
Масъулони бемористони "Мирвайс" таъйид кардаанд, ки ҷасади як маъмури пулис ба ин бемористон интиқол ёфтааст.
