Толибон 9 сарнишини як чархболи ғайринизомиро гаравгон гирифтанд

Як чархболи ғайринизомии ҳомили 9 шаҳрванди хориҷӣ дар вилояти Лугар, дар ҷануби шарқи Афғонистон нишасти изтирорӣ карда ва ба дасти Толибон афтодааст.
Сухангӯйи волии Лугар гуфт, ки ин чархбол марбут ба як ширкати сохтмонии Туркия аст ва рӯзи гузашта дар масири роҳи Хуст-Кобул ба далели харобии вазъи ҳаво дар минтақае, ки таҳти кунтрули мухолифони мусаллаҳ аст, маҷбур ба нишасти изтирорӣ шудааст.
Оқои Дарвеш таъйид кард, ки дар миёни афроде, ки гаравгон гирифта шудаанд, 7 табаъаи кишвари Туркия ва як тарҷумони афғони онҳо низ шомил аст.
Лугар аз вилоятҳои нисбатан ноамн дар ҷануби шарқи пойтахт, дар фосилаи 50-килуметрӣ аз маркази Кобул мавқеъият дорад.
Раис Хон Содиқ, омири амнияти фармондеҳии пулиси Лугар,ҳам гуфт, ки ин чархбол асри рӯзи гузашта (якшанбе, 21 апрел) ба далели харобии вазъияти ҳаво маҷбур ба нишасти изтирорӣ шудааст.
Толибон ба Би-би-сӣ гуфта, ки гаравгонҳоро ба асорат гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, Динмуаҳаммади Дарвеш, сухангӯйи волии Лугар ба Би-би-сӣ гуфт, ки Толибон сарнишинони ин ҳавопаймои ғайринизомиро бо худ ба минтақаи "Тангдара"-и вулусволии Азра интиқол додаанд.
Сухангӯйи волии Лугар пештар гуфта буд, ки ин чархбол марбути ширкате ба номи "Хуросон" буда ва бо ҳафт сарнишини турк ва як халабони афғон дар вулусволии Азра ба дасти Толибон афтодааст.
Ӯ гуфт, ки аз шахсиятҳои бонуфузи қавмӣ ва бузургони маҳал барои наҷоти атбоъи турк ва афғон хостаанд, ки бо сарони Толибон суҳбат кунанд.
Пулиси Лугар ҳам таъйид мекунад, ки Тангдара ва Мангалдара аз ноамнтарин нуқоти вилояти Лугар ба шумор мераванд.
Раис Хон Содиқ, омири амнияти фармондеҳии пулиси Лугар, ҳамчунин гуфт, ки минтақаи Мангалдара аз кунтрули нерӯҳои давлатӣ хориҷ аст ва талош доранд сарнишинони ин чархболро бо суҳбат бо бузургон ва ришсафедони маҳал аз асорати Толибон берун кунанд.
Дар ҳамин ҳол, хабарҳои таъйиднашуда мерасонанд, ки ин ҳавопаймо 9 сарнишини дорад, ки шуморе аз атбоъи омрикоӣ низ шомили онон аст.
Вулусволии Азра дар наздикии марзи Покистон аз нуқоти ноамни Лугар дар ҷануби шарқи Афғонистон аст. Оқои Содиқ гуфт, ки чархбол ранги обӣ дорад ва тавассути халабонҳои афғон идора мешудааст.
Созмони Милал мегӯяд ин чархбол мутаъаллиқ ба ин созмон набудааст.
Сухангӯйи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ҳам гуфта, ки дар ҷустуҷӯ барои ёфтани гаравгонҳо ҳамкорӣ хоҳад кард.
