Мушкилоти ҷавонони рустои Жомарҷи Болои Афғонистон
Image copyrightBBC World ServiceРустои Жомарҷи Болои вулусволии Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон, дар он сӯйи рӯдхонаи Панҷ, дар наздикии марзи муштарак бо ноҳияи Ванҷи Тоҷикистон воқеъ аст.
Дар ин русто ҳудуди 300 хонавода ба сар мебаранд ва аксари онҳо бо шуғли кишоварзӣ рӯзгорашонро таъмин мекунанд.
Аммо ба гуфтаи иддае аз ҷавонони сокини ин русто, бо таваҷҷуҳ ба камбуди замин барои мазореъ таъмини комили ниёзмандиҳои зиндагии сокинони ин деҳа сол то сол душвортар мешавад.
Мушкилоти таҳсил
Ба гуфтаи иддае аз бузургсолони ин русто, шумори қобили мулоҳизае аз ҷавонон аз ин русто дар чанд соли ахир ба кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Эрон, барои муҳоҷирати корӣ рафтаанд.
Фалакноз, як сокини солманди вулусволии Дарвози Боло ва як рӯҳонии маҳаллии саршинос дар ин минтақа мегӯяд, ки зиндагӣ дар панҷ соли ахир дар рустоҳои Дарвози Боло беҳбуд наёфтааст.
Вале оқои Фалакноз мегӯяд, ки бархе аз инкишофҳое (пешрафтҳое) дар ин минтақа бо кумакҳои созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ ба даст омадааст. Вай гуфт: "Масалан бархе аз посгоҳҳо ва бемористонҳоро созмонҳои байналмилалӣ бунёд карданд."
Аммо оқои Фалакноз афзуд, ки бузургсолон ба зиндагӣ дар ин минтақаи кӯҳистонӣ одат кардаанд ва аксаран фарзандони онҳо бо мушкилоте аз қабили идомаи таҳсил дар донишгоҳҳо дар шаҳрҳои марказӣ ва бекорӣ рӯбарӯ ҳастанд. Ӯ афзуд, ки мушкили молӣ монеъи аслии идомаи таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳо аст.
Ӯ мегӯяд: “Мо дар ин минтақа мактабе дорем, ки 50 сол қабл бунёд шуда ва куҳнаву фарсуда аст. Дар замони бориши борону барф духтарони мо водор мешаванд, ки ба ин мактаби фарсуда нарванд ва дар манзил мемонанд.”
Оқои Фалакноз мегӯяд, ки ҷавонон аз ин минтақа сармояи кофӣ барои идомаи таҳсил надоранд ва аз ин рӯ манотиқи дуруфтодаи Бадахшони Афғонистон ба мутахассисони ҳирфаӣ, аз қабили пизишкон, муҳандисон ва амсоли онон ниёзи шадид дорад.
Зиндагии сангин дар русто
Шариф, як ҷавон аз ҷумлаи сокинони Жомарҷи Боло мегӯяд, ки зиндагии иҷтимоъӣ дар ин минтақаи душвори кӯҳистонӣ сангин аст.
Шариф мегӯяд: “Зиндагӣ басахтӣ тир мешавад (мегузарад) ва хуб нест. Мо сарак (роҳ) надорем, аз ин рӯ тамоми маводди ғизоие, ки ба ин минтақа меоранд, мо бо қимати хеле боло харидорӣ мекунем.”
Шариф мегӯяд, ки ду кӯдак дорад ва яке аз онон дар мактаб таҳсил мекунад ва хонаводаи ӯ аз ҳосили мазраъае , ки доранд, зиндагӣ ба сар мебаранд.
Аммо Шариф мегӯяд ки аз он хушнуд аст, ки дар ду соли ахир вай ва беш аз 50 нафар аз сокинони рустои Жомарҷи Боло ба бунёди посгоҳи марзӣ ба унвони коргар ҷалб шуда ва тавонистаанд аз маъоше, ки дарёфт мекарданд, рӯзгори хонаводаро таъмин кунанд.
Вале Шариф мегӯяд, ки баъди ба охир расидани ин тарҳ онҳо бояд дубора кореро барои худ ҷустуҷӯ кунанд, вале пайдо кардани чунин кор дар русто ва манотиқи наздик ба он мушкил аст.
Бунёди пули иртиботӣ бар фарози рӯдхонаи Панҷ, дар наздикии рустои Жомарҷи Боло, то андозае мушкилоти иҷтимоъии мардуми он сӯйи рӯдхонаро осон кардааст.
Аммо яке дигар аз душвориҳои умдаи мардуми минтақаи Дарвози Бадахшони Афғонистон вазъияти беҳдоштии сокинон аст.
Бавижа, дар фасли сармо, ки сафар ба ин минтақа мушкил мешавад, сокинони мубтало ба бемориҳои мухталиф дар муъояна ва мудово бо мушкил рӯбарӯ мешаванд.
Адулхолиқи Ҷалилӣ, раиси бахши пулиси вулусволии Дарвози Боло, мегӯяд, ҳамкориҳое дар робита бо интиқоли беморони вазнин аз ин тарафи рӯдхона ба бемористонҳои навоҳии Бадахшони Тоҷикистон бо марзбонони тоҷик доранд.
Душвориҳои издивоҷ
Аммо вай мегӯяд: "Мо мехостем, ки чунин ҳамкориҳо идома ва тақвият ёбанд. Ҳамчунин, хеле алоқамандем, ки то бунёди роҳҳо дар минтақаи мо имкон ёбем, ки барои ниёзмандии дигари мардум аз роҳи Тоҷикистони ба мо дӯст истифода кунем."
Оқои Ҷалилӣ мегӯяд, ки мушкили қочоқи маводди мухаддир низ дар ноҳияи таҳти кунтрули онҳо вуҷуд надоштааст.
Гуфта мешавад, ки аксари сокинони Жомарҷи Болои вулусволии Дарвози Афғонистон камбизоъат ҳастанд.
Алидоди Тавфиқ, як сокини 60-солаи Жомарҷи Боло, ки мегӯяд, ки ҳашт фарзанд дорад ва духтарони ӯ аз муддатҳо қабл издивоҷ кардаанд. Аммо ба сабаби камбизоъатӣ дар чанд соли ахир наметавонад барои писарони худ арӯс пайдо кунад.
Ӯ афзуд: "Духтаронамро дар 15-солагӣ ба шавҳар додам. Аммо ҳоло барои издивоҷи писарон пайсаи зиёд (пули зиёд) лозим аст ва ё бояд ҳайвоноти зиёде дошта бошӣ, ки барои писарон арӯс пайдо кунӣ."
Алидоди Тавфиқ мегӯяд, ки бисёре аз ҷавонон барои пайдо кардани пул барои издивоҷ водор мешаванд, ки ба шаҳрҳо ва навоҳии дигар барои кор бираванд.
Аммо ӯ мегӯяд, ки бо ифтитоҳи посгоҳи марзӣ дар марзи муштараки Афғонистон ва Тоҷикистон вай соҳиби кор шудааст.
Аз сӯйи дигар, бисёре аз сокинони рустои Жомарҷи Боло гуфтанд, ки аз раиси ҷумҳурии оянда умед доранд, ки барномаи кории худро аз бунёди роҳҳои иртиботӣ, ки ба гуфтаи онҳо, муҳиммтарин шохаи зиндагии иҷтимоъии мардумони минтақаи кӯҳистонӣ аст, оғоз кунад.
