Амалиёти наҷоти селзадагон дар Афғонистон
Image copyrightДавлати Афғонистон ва нерӯҳои имдодрасон амалиёти наҷот ва кумакрасонӣ ба қурбониёни селобҳои ахири ин кишварро оғоз кардаанд.
Рӯзи гузашта дар шуморе аз вилоятҳои шимолӣ ва вилояти Бодғис, дар ғарби Афғонистон, селобҳое ҷорӣ шуда ва ҷони дастикам 100 нафарро гирифт.
Ҳанӯз омори дақиқе аз мизони талафот ва хисороти ин селобҳо эълом нашуда, аммо мақомҳои давлатӣ гуфтаанд, ки танҳо дар вилояти Ҷузҷон 80 нафар кушта шудаанд ва имкон дорад, ки мизони талафот бештар шавад.
Муҳаммад Қосими Ҳайдарӣ, муъовини Идораи миллии мубориза бо ҳаводиси табиъии Афғонистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки амалиёти наҷот ва имдодрасонӣ ба қурбониёни рӯйдодҳои рӯзи гузашта аз вилояти Ҷузҷон, ки талафоти бештаре дар муқоиса бо соири вилоятҳо дошт, оғоз шудааст.
Оқои Ҳайдарӣ, ки ба вилояти Ҷузҷон сафар карда, мегӯяд аз миёни 80 рустонишине, ки дар вулусволиҳои Хоҷадукӯҳ, Қуштеппа ва Дарзоб аз байн рафтаанд, аҷсоди 58 нафар то кунун ёфт шудааст. Ӯ мегӯяд, ки омори талафот мумкин аст бештар бошад, ки дар поёни амалиёти наҷот ва баррасиҳои ниҳоӣ рӯшан хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир Идораи мубориза бо ҳаводиси табиъӣ, тавре ки оқои Ҳайдарӣ мегӯяд, ҷаласоти фавқулъода ва машваратӣ бо муассисоти имдодрасон ва созмонҳои дохилӣ ва хориҷӣ баргузор карда, ки аз паёмадҳои рӯйдоди табиъии рӯзи гузашта ҷилавгирӣ кунанд.
Амалиёти наҷот тавассути пулиси Афғонистон иҷро шуда ва ҳеликуптерҳои артиш барои кумакрасонӣ ва интиқоли қурбониён даст ба кор шудаанд. Идораи мубориза бо ҳаводис мегӯяд нахустин коре, ки мекунанд, интиқоли маводди хӯрокӣ, либоси гарм ва пату ба қурбониён аст.
Дар ҳамин ҳол, Дафтари Ҳимоят аз Кӯдакон (Save the Children), ки имдодрасониро аз дирӯз шурӯъ карда, мегӯяд, ки беш аз 115 нафар дар селобҳои рӯзи гузашта дар вилоятҳои мухталиф ҷон дода ва 237 нафар ҳам нопадид шудаанд.
Зубайда Акбар, сухангӯйи ин дафтар, ба Би-би-сӣ гуфт, ки 850 хонаи маскунӣ дар асари сели рӯзи гузашта хароб шуда ва ҳудуди ҳафт ҳазор хонавода ҳам зиён дидаанд. Аммо Идораи мубориза бо ҳаводис мегӯяд ҳанӯз наметавонад омори дақиқеро ироа кунад.
Хонум Акбар гуфт, ки масъулони Дафтари Ҳимоят аз Кӯдакон бо соири ниҳодҳои имдодрасон ҳамоҳангӣ кардаанд ва ба қурбониён маводди хӯрокӣ, хайма ва либоси гарм мерасонанд.
Ин селобҳо нимаҳои панҷшанбешаби 4 урдибиҳишт дар бархе нуқот сарозер шуд ва мардумро дар хоб ғофилгир кард. Мақомҳо дар шимол гуфтанд, ки селе бо ин суръат ва талафот дар гузашта иттифоқ наюфтодааст.
Бисёре аз рустонишинон то субҳ дар пуштибоми хонаҳояшон паноҳ гирифтанд ва аҷсоди бастагонашонро аз фосилаҳои дур аз байни оби гилолуд берун карданд.
Худойдод, аз рустоиёни Қуштеппа, ба Би-би-сӣ гуфт, ки рӯзи баъд аз селоб рафтанду ҷасади чанд нафар аз хешовандонашонро дар Пули Хуросон, воқеъ дар шаҳри Шибирғон, маркази вилояти Ҷузҷон, ки ҳудуди як соъат бо қария фосила дорад, ёфтанд.
Бо ин ҳол, даҳҳо қария низ дар чаҳор вулусволии Форёб зери об шудааст. Манобеъи расмӣ таъйид мекунанд, ки дар вулусволиҳои Хоҷа Сабзпӯш, Паштункут ва Алмор ҳафт нафар ҷон бохтаанд ва ҳамчунин гузориш шуда, ки дар вулусволии Ширинтагоби ин вилоят низ 24 нафар аз байн рафтаанд.
Гузоришҳо мерасонанд, ки дар канори вилояти Ҷузҷон ва Форёб сели рӯзи гузашта зиндагии одии мардумро дар 23 вулусволӣ дар вилоятҳои Бодғис, Сарипул, Балх, Тахор ва Самангон низ мухтал кардааст.
Бар асоси омори ибтидоӣ, дар вилояти Бодғис низ ҳашт нафар ва дар вилояти Сарипул дастикам 15 нафар талаф шудаанд ва зиндаву мурдаи даҳҳо рустоии дигар нопадид аст.
Дар канори талафоти инсонӣ ин селобҳо ҳазорон ҷариб заминҳои зироъатиро аз байн бурда ва хонаҳо ва таъсисоти зиёдеро хароб кардааст.
