Сел ҷони дастикам 54 нафарро дар шимолу ғарби Афғонистон гирифт

  • 25 Апрел, 2014
Image caption Аз соли 1980 то 2012 фақат ҷорӣ шудани сел дар ҳудуди 396 то 597 милюн дулор ба ин кишвар садама задааст

Мақомоти маҳаллӣ дар вилоятҳои Ҷузҷон дар шимол ва Бодғис дар ғарби Афғонистон таъйид карданд, ки ҷорӣ шудани сел дар ин ду вилоят ҷони 46 нафарро дар вилояти Ҷузҷон ва 8 нафарро дар вилояти Бодғис гирифтааст.

Субҳи рӯзи ҷумъа, 25 апрел фармондеҳи пулиси вилояти Ҷузҷон марги дастикам 28 нафарро таъйид карда буд, вале волии Ҷузҷон ба Би-би-сӣ гуфт, ки то кунун 46 нафар дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст додаанд.

Мусаъаб Ҳомидӣ, раиси идораи мубориза бо ҳаводиси вилояти Бодғис низ ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҷорӣ шудани сел дар шаҳри Қалъаи Нав, маркази виялоти Бодғис, боъиси кушта шудани дастикам 8 нафар шуда ва 200 мағозаро низ тахриб кардааст.

Фақирхони Ҷузҷонӣ, фармондеҳи пулиси вилояти Ҷузҷон дар шимоли Афғонистон субҳи имрӯз эълом кард, ки ба далели ҷорӣ шудани сел дар ин вилоят дастикам 28 нафар кушта ва даҳҳо хона вайрон шудааст.

Ба гуфтаи оқои Ҷузҷонӣ қурбониёни ин воқиъа занон, мардон ва кӯдакон будаанд.

Ин мақоми маҳаллӣ таъкид кард, ки дар замони ҷорӣ шудани сел бисёре аз мардуми маҳал дар хоб буданд ва эҳтимол дорад, ки талафоти бештар аз ин бошад.

Фармондеҳи пулиси Ҷузҷон гуфтааст, ки тӯфони шадид ва бориши сангини борон аз соъати 8-и дишаб оғоз шуд ва то 4-и субҳи имрӯз идома дошт ва илова бар талафоти ҷонӣ хисороти васеъе ҳам бар ҷой гузоштааст.

Фақирхони Ҷузҷонӣ гуфт, ки бештарин хисороти ҷонӣ ва молӣ ба сокинони ду вулусволии Хуштепа ва Дарзоби ин вилоят ворид шуда ва дар вулусволии Хоҷаи Дукӯҳ низ мардуми панҷ русто дар муҳосираи сел қарор доранд.

Ӯ гуфт, ки ҷараёни ин воқиъаро бо Муҳаммадкарими Халилӣ, муъовини дувуми раиси ҷумҳур ва раиси кумитаи миллии изтирории Афғонистон дар миён гузошта ва хостори ирсоли кумаки ҳавоӣ барои наҷоти афроди гирифтор дар селоб шудааст.

Ба гуфтаи фармондеҳи пулиси Ҷузҷон то кунун ниҳодҳои имдодрасон ба минтақа нарасидаанд ва силзадагон дар вазъияти баде қарор доранд.

Афғонистон яке аз кишварҳои мусатаъид барои вуқӯъи ҳаводиси табиъӣ аст.

Зилзила, сел, рониши замин, барфкӯч (баҳман), тӯфон, зимистонҳои сард, тобистонҳои хушк ва хушксолии ҳаосола боъиси хисороти зиёде дар ин кишвар мешавад.

Бар асоси эъломи ниҳодҳои давлатии Афғонистон аз соли 1980 то 2012 фақат ҷорӣ шудани сел дар ҳудуди 396 то 597 милюн дулор ба ин кишвар садама задааст.

Омор нишон медиҳад, ки танҳо дар соли 2012 ҳудуди 383 мавриди ҳодисаи табиъӣ дар 195 вулусволии ин кишвар рух дод, ки боъиси марги 478 нафар ва хисороти молии густарда шуд.

Матолиби муртабит