Ҷорӣ шудани селоб дар ноҳияи Хуросон талафот ва хисороте барҷой гузошт

  • 17 Апрел, 2014
Сели ВосеъImage copyrightBBC World Service
Image caption Ду кӯдак дар селоб дар ноҳияи Хуросон кушта шудаанд

Шаби гузашта борони шадид ва селоб дар ноҳияи Хуросон, дар ҷануби Тоҷикистон, шуморе аз хонаҳоро вайрон карда ва талафоте ҷонӣ ҳам барҷой гузоштааст.

Бар асоси иттилоъи манобеъи маҳаллӣ дастикам ду кӯдак ҳангоми хароб шудани манозил дар зери девор монда ва кушта шудаанд. Яке аз ин кӯдакон дусола ва дигарӣ панҷсола будаанд.

Гуфта мешавад дар асари ҷорӣ шудани сел беш аз 170 манзили маскунӣ дар рустои мавсум ба "Меҳнатобод" зери об монда ва девори баъзе аз хонаҳо фурӯ рехта ва онҳо хароб шудаанд.

Борони шадид, ки ҷорӣ шудани селобро ба дунбол дошт, баъд аз зуҳри рӯзи гузашта шурӯъ шуда ва то дерҳангом идома доштааст. Дар ин муддат бештари мардум тавонистаанд аз хонаҳои худ берун раванд ва аз хатари марг ҷони худро наҷот бидиҳанд.

Сел ва борони шадид боъиси талаф шудани шумори зиёде аз ҳайвоноти аҳлии мардуми маҳаллӣ низ шудааст.

Ҳукумати маҳаллӣ дар ноҳияи Хуросон мегӯяд, ки беш аз панҷ ҳектор аз замини гандум ва мазореъ барои сабзиҷоти сокинони русто комилан хароб шудааст.

Роҳбарони бархе аз муассисаҳои давлатии минтақа дар рустои Меҳнатобод, ки маҳалли ҷорӣ шудани селоба аст, ҳозир шуда ва бар хонаводаҳои осебдида хуроки гарм тавзеъ кардаанд.

Созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ низ ба ироаи кумакҳое ба мардуми осебдида шурӯъ кардаанд. Пизишкон ҳам ба мардуми осебдида кумакҳои беҳдоштӣ ироа мекунанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Селоб бисёре аз манозили мардуми маҳаллиро фаро гирифтааст

Сокинони рустои Меҳнатобод мегӯянд, ки фишори хуни чандин зан дар пайи хароб шудани манозилашон аз селоб баланд шуда ва шуморе аз онҳо ба бемористон мунтақил шудаанд.

Ҳукумати маҳаллӣ мегӯяд, ки гурӯҳе аз кормандон ҳоло хонаҳои мардумро аз гову гӯсфанди мурда, ки селоба бо худ ба манозилашон овардааст, пок меунанд.

Ба гуфтаи пизишкон, агар аҷсоди гову гӯсфандони талафшуда аз русто дур бурда нашаванд, бо гарм шудани ҳаво хатари шуюъи бемориҳои вогир (сироятӣ) дар минтақаи осебдида аз сел вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи бархе аз сокинони маҳаллӣ, кормандони умури изтирорӣ дирӯз натавонистаанд саривақт ба кумаки онҳо оянд, зеро бештари ин кормандон дар ноҳияи Шӯрообод ҳастанд.

Шаби шанбе ба якшанбеи гузашта дар асари борони шадиду сел ва рониши замин дар рустои Одинабойи ноҳияи Шӯрообод 13 нафар аз аъзои се хонавода кушта шуданд. Ду нафари дигар ҳам дар асари селоб дар маҳаллоти дигари минтақаи Кӯлоб ҷони худро аз даст доданд.

Тоҷикистон кишваре фақир ва дар баробари ҳаводиси табиъӣ, назири селу тарма (баҳман), рониши замин ва заминларза башиддат осебпазир аст. Ҳамасола ин гуна ҳаводис талафот ва хисороти қобили мулоҳизае дар манотиқи мухталифи ин кишвар барҷой мегузоранд.

Матолиби муртабит