Оташсӯзӣ мактаби ҳамагонӣ барои 700 шогирдро ба хок яксон кард
Image copyrightBBC World ServiceБар асари як оташсӯзии шадид дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон як мактаби ҳамагонии ноҳия комилан тахриб шудааст.
Ин оташсӯзи рӯзи якшанбеи 13 апрел рух дод ва мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки сабаби он тундбоди шадиде будааст, ки мунҷар ба рух додани садама дар хутути интиқоли барқ шудааст.
Бар асоси гузоришҳои расмӣ дар мактаби шумораи 31-и рустои Чирики ҷамоъати Тахти Сангини ин ноҳия беш аз 700 шогирд аз клоси як то ёздаҳ таҳсил мекарданд.
Имрӯз масъулони бахши маъорифи ноҳияи Қубодиён шогирдони клосҳои болоиро барои идомаи таҳсил ба макотиби ҳамагонии наздик ба русто тақсим карданд.
Вале қарор шудааст, ки шогирдони хурдсол ба далели дурии роҳ то бунёд ва ё таъмири ин мактаб дар манозил таътил кунанд.
Ин дар ҳолест, ки замоне ба мактаби аз оташсӯзи хисоратдида омадем, кӯдакони сокинони маҳаллӣ ва аз ҷумла кӯдакони шогирди ин мактаб машғули посзозии мактаби харобшуда аз маводде буданд, ки бар асари оташсӯзӣ нобуд шуда буд.
Иддае аз волидоне, ки дар макони наздик ба мактаб қарор доштанд, аз он шукргузорӣ мекарданд, ки замони оташсӯзӣ кӯдаконашон дар рӯзи таътил дар манзил будаанд.
Яке аз занони ин русто мегӯяд, ки агар ин оташсӯзӣ рӯзи таҳсил рух медод, имкони талафоти ҷонӣ вуҷуд дошт. Бо ин вуҷуд он чи ба назар мерасид, оташсӯзии як рӯзи қабл тақрибан тамоми дороиҳои мактабро ба комаш фурӯ бурда буд.
Ин мактаби ҳамагонӣ, аз ҷумлаи садҳо макотиб дар Тоҷикистон аст, ки дар соли 1931 дар солҳои аввали давраи Шӯравӣ дар Тоҷикистон бунёд шуда буд ва яке аз бузургтарини муасисоти омӯзишӣ дар ноҳияи Қубодиён ба шумор мерафт.
Ин мактаб аз маркази ноҳияи қубодиён дар дурии беш аз 30 килуметр қарор дорад ва ҳамакнун маълум нест, ки то бунёди мактаби ҷадид барои беш аз 700 шогирд кӯдакон дар чи вазъияте таҳсил хоҳанд кард.
Аммо мақомоти маҳаллии ин ноҳия гуфтаанд, ки дар муддати кӯтоҳ аз тариқи ҳашар ин мактабро дубора бунёд хоҳанд кард.
