Мулоқоти вазири маъориф бо пайвандони қурбониёни сонеҳа дар Суғд
Image copyrightBBC World ServiceВазири маъорифи Тоҷикиcтон дар ҷараёни боздиди худ аз вилояти Суғд бо пайвандони шогирдони мактаби ҳамагонӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ, ки дар як сонеҳа ҷон бохтанд, мулоқот кардааст.
Тибқи иттилоъи маркази матбӯъотии ин вазорат, Нуриддин Саидов рӯзи сешанбеи 18 март ба вилояти Суғд сафар карда ва ба наздикони шогирдоне, ки дар сонеҳаи ду рӯз қабл кушта шуданд, кумакҳои молӣ ироа додааст.
Тавре ки Маҳмудхон Шоев, раиси ин марказ, рӯзи чаҳоршанбеи 19 март дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт, оқои Саидов дар ин боздид ба волидони панҷ нафар аз шогирдони макатаби ҳамагонии шумори яки ноҳияи Айнӣ ва пайвандони омӯзгори ин мактаб, изҳори ҳамдардии кормандони ин ниҳодро расондааст.
Ҳамчунин, вазир бо вазъи саломатии шогирдоне, ки дар бемористон бистарӣ ҳастанд, ошно шудааст.
Ин дар ҳолест, ки масъулони Маркази миллии тести Тоҷикистон дар баёнияе ба пайвандони афроди кушташуда дар ин сонеҳа изҳори ҳамдардӣ карда ва ин воқеъаро фоҷеъае такондиҳанда барои ин кишвар хондаанд.
Дар ин баёния, ки баъд аз зуҳри рӯзи сешанбе пахш шуд, омадааст: "Сад дареғ, ки духтаракони ғунчаи умедашон нав ба шукуфтанҳои фасли Наврӯз расида ва омӯзгори рӯзгори кӯтоҳи онон бо тӯфони сарнавишт аз шохсорони умеду орзуҳо канда шуда, роҳи ҷовидониро пеш гирифтаанд. Мо ғаму ғуссаи падару модарони ин гулғунчаҳои ношукуфтаро ва пайвандонашонро дарк мекунем."
Сонеҳаи маргбор соъати 8.30 дақиқаи субҳи душанбеи 17 март рух дод ва бар асари он ҳафт мусофири худрави навъи "Муссо", ки аз маркази ноҳияи Айнӣ ба самти шаҳри Хуҷанд ҳаракат мекард, кушта шуданд.
Идораи бозрасии утумубилии Тоҷикистон иллати ин сонеҳаро ба резиши санг аз кӯҳ рабт дода ва гуфтааст, ки дар натиҷа Мирзобурҳон Бурҳонов, ронандаи худрав, натавонистааст дар роҳи саъбулъубури кӯҳистонӣ дар гарданаи Шаҳристон худравро идора кунад.
Аз ҷумлаи ҳафт нафар аз кушташудагони ин воқеъа панҷ шогирди мактаби ҳамагонии шаҳраки Айнӣ ва як омӯзгори ин мактаб будаанд. Ҳамчунин чаҳор нафар аз шогирдони мактаб бо ҷароҳоти мухталиф дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд.
Як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Айнӣ дар вилояти Суғд гуфт, ки ин ҳафт духтар ва ду писар шогирдони клоси 11 буда ва барои таслими аснод барои имтиҳоноти донишгоҳҳо дар маркази тестӣ ба шаҳри Хуҷанд мерафтанд.
Дар зимистони соли 2013 дар Тоҷикистон маркази вижаи тестӣ барои қабули имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳҳо таъсис ёфт ва бар асоси муқаррароти ҷадид, аз имсол имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон ба шеваи нав анҷом мешавад. Ҳамакнун имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳҳоро аз довталабон Кумисиюни миллии тестӣ, як ниҳоди вобаста ба риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мегирад.
Ин кумисиюн барои сабти номи довталабони вуруд ба донишгоҳҳо дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон 20 нуқтаи сабтином таъсис додааст. Аммо ҳеч гуна маркази сабтиноми довталабон дар ноҳияи Айнӣ, ки бо Хуҷанду Панҷакент ва Душанбе фосилаи зиёд дорад, боз нашудааст.
Ҳамчунин суоли матраҳ ин аст, ки чи тавр ронандаи худрави навъи “Муссо”, ки гунҷоиши ҳафт нафар аз мусофиронро дорад, 11 мусофирро интиқол медодааст?
Дар ин бора пулиси роҳ низ шарҳе надода, аммо ба гуфтаи иддае аз сокинони шаҳри Душанбе, дар маркази пойтахти Тоҷикистон низ ронандаҳои минибусҳои мусофирбарӣ аз муддатҳо қабл мусофирони изофиро дар худравҳо интиқол медиҳанд, вале масъулони зидахли давлатӣ ин маворидро нодида мегиранд.
