'Вазъи маҷрӯҳони сонеҳа дар Айнӣ беҳтар шудааст'

  • 18 Март, 2014
СонеҳаImage copyrightBBC World Service
Image caption Бар асари сонеҳа ҳафт нафар, аз ҷумла чаҳор шогирди як мактаби ҳамагонӣ дар ноҳияи Айнӣ кушта шудаанд

Бино ба иттилоъи манобеъи расмӣ, вазъи саломати чаҳор шогирди мактаб дар ноҳияи Айнӣ, ки бар асари сонеҳа ҷароҳат бардоштанд, то андозае беҳбуд ёфтааст.

Як манбаъ аз Кумитеи умури изтирории Тоҷикистон гуфт, ки ба далели сангин будани ҷароҳаташ Бибӣ Суҳробова ба бемористони шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, мунтақил шуда, Тамиза Сангинова, Идона Бобоева ва Аҳдия Мирзошоева дар бемористони шаҳраки Айнӣ бистарӣ шудаанд.

Зимнан, соъати 8.30 дақиқаи субҳи душанбеи 17 март худрави навъи “Муссо”, ки аз маркази ноҳияи Айнӣ ба самти шаҳри Хуҷанд ҳаракат мекард, аз масири худ хориҷ шуда ва ба ҷарии 120-метра сарозер шуд.

Идораи бозрасии утумубилии Тоҷикистон иллати ин сонеҳаро ба резиши санг аз кӯҳ рабт дода ва гуфт, ки дар натиҷа Мирзобурҳон Бурҳонов, ронандаи худрав, натавонистааст дар роҳи саъбулъубури кӯҳистонӣ дар гарданаи Шаҳристон худравро идора кунад.

Бар асари ин сонеҳа ҳафт нафар, аз ҷумла панҷ шогирди мактаби ҳамагонии шаҳраки Айнӣ дар маҳалли ҳодиса ҷон бохта ва чаҳор нафар бо ҷароҳоти мухталиф дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Сойти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз тавзеҳоте дар бораи ин сонеҳа интишор дод, ки дар он омадааст, ки ин сонеҳа дар 158-килуметрии роҳи Душанбе-Хуҷанд дар мавзеъи Сиём "аз сабаби ба автомашина бархӯрдани сангпораҳои кӯҳӣ аз қисмати рости роҳ" сурат гирифта ва мошин азбуландии 120 метр ба пойин сарозер шудааст.

"Дар натиҷа ронанда ва мусофири автомашина Шодиев Миршариф, соли таваллудаш 1975, омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №1-и ноҳияи Айнӣ, хонандагони синфи 11-уми ҳамин мактаб: Шоева Садбарг, Давронов Манзил, Бурҳонова Дилфуза, Акбаров Офтоб, Нарзиева Моҳинисо, соли таваллудашон 1996, сокинони ноҳияи Айнӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд."

Манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, ки расми ҷанозаи шогирдони мактаби мутавассити маркази ноҳияи Айнӣ дирӯз баргузор шуда ва имрӯз аҷсоди омӯзгор ва ронандаи худрав ба хок супурда шудааст.

Як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Айнӣ дар вилояти Суғд гуфт, ки ин ҳафт духтар ва ду писар шогирдони клоси 11 буда ва барои таслими аснод барои имтиҳоноти донишгоҳҳо дар маркази тестӣ озими шаҳри Хуҷанд шуда буданд.

Ин манбаъ гуфт, ки Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, рӯзи гузашта аз хонаводаҳои кушташудагон ва маҷрӯҳони сонеҳа дар маркази ноҳияи Айнӣ дидан карда ва ба ин хонаводаҳо ба маблағи 2500 сомонӣ кумаки молӣ кардааст.

Аммо Маркази миллии тестӣ ва Вазорати маъорифи Тоҷикистон ҳунӯз ба ин рӯйдод ҳеч вокунише накардаанд. Манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, ки пайвандони куштшудагон ҳатто таъзияномае ҳам аз вазорати маъориф ва Кумисиюни миллии тестӣ дарёфт накардаанд.

Бар асоси муқаррароти ҷадид, аз имсол имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон ба шеваи нав анҷом мешавад. Бар хилофи солҳои қаблӣ, ки довталабон дар донишгоҳҳо имтиҳон медоданд, имсол имтиҳоноти вурудиро Кумисиюни миллии тестӣ, як ниҳоди вобаста ба риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад.

Ин кумисиюн барои сабти номи довталабони вуруд ба донишгоҳҳо дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон 20 нуқтаи сабтином таъсис додааст. Аммо ҳеч гуна маркази сабтиноми довталабон дар ноҳияи Айнӣ, ки бо Хуҷанду Панҷакент ва Душанбе фосилаи зиёд дорад, боз нашудааст.

Ба гуфтаи манобеъи Кумисиюни миллии тестӣ, то кунун беш аз 11 ҳазор нафар аз довталабони вуруд ба донишгоҳҳо дар саросари Тоҷикистон худро дар марокизи сабти довталабон ба сабт расондаанд, ки беш аз 6,5 ҳазор нафари онҳо аз вилояти Хатлон ҳастанд.

Матолиби муртабит