Ду муҳоҷири тоҷик бар асари сонеҳа ҷон бохтанд

  • 24 Феврал, 2014
СонеҳаImage copyrightBBC World Service
Image caption Бар асари сонеҳа дар Русия ду табаъи тоҷик ҷон бохтаанд

Бар асари сонеҳаи утумубилӣ дар вилояти Челябински Русия ду табаъаи тоҷик кушта шуда ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд.

Бино ба иттилоъи хабаргузории “УралПолит”-и Русия, рӯзи якшанбеи 23 феврал дар шоҳроҳи Челябинск-Троитск худрави “ВАЗ-2110” бо 4 мусофири тоҷик бо худрави “Volkswagen” бархурд кардааст.

Ронандаи худрави “ВАЗ-2110” бо ду муҳоҷири тоҷик дар маҳалли ҳодиса ҷон бохта ва ду табаъаи тоҷик ва ронандаи худрави “Volkswagen” бо ҷароҳатҳои мухталиф дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Манобеъи Идораи муҳоҷирати вилояти Челябински Русия ба хабаргузории “УралПолит” гуфтааст, ду нафари кушташуда Амиршо Собирқулови 19-сола, сокини рустои Дардари ноҳияи Айнӣ ва Ҳошимҷон Раҳимови 37-сола, сокини ноҳияи Румӣ будаанд, ки барои дарёфти иштиғол озими Русия шуда буданд.

Феълан ниҳодҳои бозрасии Русия ин сонеҳаро бозрасӣ карда ва дар назар аст, дар ояндаи наздик илал ва ҷузъиёти ин ҳодиса мушаххас шавад.

Зимнан, ду ҳафтае қабл дар вилояти Брянски Русия низ ду табаъаи тоҷик бар асари сонеҳаи утумубилӣ ҷон бохта ва ду нафари дигар захмӣ шуда буданд.

Бино ба иттилоъи Идораи пулиси роҳи Русия дар вилояти Брянск, дар шоҳроҳи мавсум ба “Украина” худрави сохти русии “Жигулӣ” бо чор сарнишини тоҷик ба худрави “Рено Меган” бархурд кардааст.

Дар натиҷа, Ғафурҷон Раҷабалиеви 33-сола ва Шӯҳрат Соибови 38-сола дар маҳалли ҳодиса фавт карда ва ду сарнишини дигар, падару писар Ҳайдаралӣ ва Отабек Нуров бо ҷароҳоти мухталиф дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Зану шавҳари молдовонӣ, сарнишинҳои худрави “Рено Меган” низ захмӣ шуда ва ба бемористон мунтақил шудаанд.

Пулиси роҳи Русия атбоъи тоҷикро муқассири ин сонеҳа арзёбӣ карда ва гуфтааст, худрави “Жигулӣ” ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ки ин амр мунҷар ба сонеҳа шудааст.