Кушта шудани ҳашт нафар дар сонеҳаҳо дар соли ҷорӣ

  • 15 Январ, 2014

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани ҳашт нафар дар сонеҳаҳо дар даҳ рӯзи аввали соли 2014 хабар дод.

Тибқи иттилоъияи пулиси роҳи ин вазорат, аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар Тоҷикистон 33 сонеҳа рух дода ва бар асари он 46 нафар аз сокинон ҷароҳоти мухталиф бардоштаанд.

Сабаби аслии аксари сонеҳаҳо нақзи қавоъиди ҳаракат дар роҳҳо аз сӯйи ронандагон будааст.

Яке аз чунин сонеҳаҳо дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон рух дода, ки дар натиҷаи он як нафар кушта ва се нафар захмӣ шудаанд. Ронандаи 22-солаи як худрав замоне ки аз рустои Шитхарв ба маркази ноҳия мерафт, аз баландии 40 метр ҳамроҳ бо сарнишинон ба зер уфтода ва дар натиҷа як зани 50-сола дар ин сонеҳа ҷони худро аз даст додааст.

Пулис гуфта, ки далели ин сонеҳа “набаромадани ронанда аз уҳдаи идораи мошин” аст, вале манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, ки роҳҳои хароб ва таъмирнашудаи ноҳияи Ишкошим ҳам омили ин сонеҳа аст.