Сонеҳае дар Русия ҷони ду тоҷикро гирифт

  • 10 Феврал, 2014

Бар асари сонеҳаи утумубилӣ дар вилояти Брянски Русия ду табаъаи тоҷик ҷон бохта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд.

Бино ба иттилоъи Идораи пулиси роҳи Русия дар вилояти Брянск, дар шоҳроҳи мавсум ба “Украина” худрави сохти русии “Жигулӣ” бо чор сарнишини тоҷик ба худрави “Рено Меган” бархурд кардааст.

Дар натиҷа, Ғафурҷон Раҷабалиеви 33-сола ва Шӯҳрат Соибови 38-сола дар маҳалли ҳодиса фавт карда ва ду сарнишини дигар, падару писар Ҳайдаралӣ ва Отабек Нуров бо ҷароҳоти мухталиф дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Зану шавҳари молдовонӣ, сарнишинҳои худрави “Рено Меган” низ захмӣ шуда ва ба бемористон мунтақил шудаанд.

Пулиси роҳи Русия атбоъи тоҷикро муқассири ин сонеҳа арзёбӣ карда ва гуфтааст, худрави “Жигулӣ” ба самти муқобили ҳаракати роҳи баромада ва ин амр мунҷар ба сонеҳа шудааст.