Сонеҳа ҷони як кӯдаки ду соларо рабуд ва кӯдаки даҳсоларо захмӣ кард

  • 22 Январ, 2014

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани як кӯдаки дусола дар сонеҳаи як рӯзи қабл дар ин кишвар хабар додааст.

Ҳамчунин ин сонеҳа, ки субҳи рӯзи 21 январ рух додааст, ҷони ду нафар аз занонро низ рабуда ва бар асари он як кӯдаки дигари даҳсола ва духтари 14 сола ҷароҳоти мухталиф бардошта ва дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Тибқи иттилоъи сойти расмии ин ниҳод сонеҳа дар роҳи утумубилгарди Душанбе-Рашт рух дода ва ронандаи ҷавон, ки дар он захмӣ шудааст, натавонистааст, мошинро идора кунад ва дар натиҷа утумубил бо чаҳор мусофир ба умқи 125 метр сарозер шудааст. Дар ин воқеъа ронанда Алишер Маҳмадиев низ шадидан захмӣ шудааст.

Идораи бозрасии утумубилии Вазорати умури дохила хабар додааст, ки аз аввали соли ҷорӣ то ҳол дар роҳҳои утумубилгарди Тоҷикистон ҳудуди 60 сонеҳа рух дода ва 20 нафар аз сокинон дар ин воқеъаҳо ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин дар сонеҳаҳо дар ин кишвар 85 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2013 пулис аз кушта шудани 86 кӯдак дар сонеҳаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон хабар дода буд.