Беш аз 85 кӯдак дар соли 2013 дар сонеҳаҳо кушта шудаанд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли гузашта 86 кӯдак ва навҷавони зери синни 16 дар сонеҳаҳо ва тасодуфҳои утумубилӣ ҷонҳои худро аз даст додаанд.
Дар тӯли сол ҳамчунин ҳудуди 400 кӯдак ва ноболиғ дар сонеҳаҳо ҷароҳоти мухталиф бардоштаанд.
Тибқи иттилоъи сойти расмии ин вазорат, ин кӯдакон дар 454 сонеҳа кушта ва захмӣ шудаанд ва 27 нафар аз онҳо ба ҳангоми рух додани ин воқеъаҳо савори дучарха будаанд. Пулис ҳамчунин гуфтааст, ки панҷ сонеҳа аз сӯйи ронандаҳои ноболиғ рух додааст.
Аммо шумори бештари кӯдакони қурбонии сонеҳаҳо аз ҷумлаи пиёдагардон будаанд, ҳарчанд гузориш шудааст, ки ҳудуди 100 нафар аз онҳо аз ҷумлаи мусофирони утумубилҳое буданд, ки дучори сонеҳа шудаанд.
Ба гуфтаи кормандони пулиси роҳ, ҳарчанд мавориди сонеҳаҳо, ки дар он кӯдакон кушта ва захмӣ мешаванд, дар муқоиса бо даврони мушобеҳ дар соли 2012 то андозае коҳиш ёфта, вале пулис аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки аксари кӯдакони хурдсол дар хиёбонҳо бидуни назорати бузургсолон ба назар мерасанд.
Масъулони пулис мегӯянд, ки дар соли сипаришуда онҳо барои ҷилавгирӣ аз сонеҳаҳо дар роҳҳои утумубилгард мулоқотҳоеро бо шогирдони макотиби ҳамагонӣ доир карда ва чанд тадбири дигаре аз қабили амалиётҳое зери унвони “Бачаҳо” ва “Дар ранги сабз гузар”-ро бо ширкати кӯдакон ва навҷавонон дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон баргузор кардаанд.
Бо ин вуҷуд, соҳибназарон кушта шудани беш аз 80 кӯдак ва навҷавонро дар роҳҳои утумубилӣ нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд. Ҳамчунин, бархе аз коршиносон мегӯянд, ки яке аз сабабҳои аслии рух додани сонеҳаҳо дар роҳҳо дарёфти гувоҳиномаи ронандагӣ бидуни омӯзиши кофӣ дар макотиби вижаи ронандагӣ ва ё ба истилоҳ "хариду фурӯши мадраки ронандагӣ" будааст.
Дар баҳори соли 2013 дар вилояти Хатлон дар тасодуфе ду кӯдаки як ва сесола ҳамроҳ бо модарашон кушта шуданд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ин хонум бо кӯдаконаш дар канори роҳ мунтазири васоили мусофирбарӣ буд.
Аммо сонеҳа бо ширкати Расули Амонуллои 16-сола, писари Амонуллоҳи Ҳукум, раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, ки мӯҷиби марги се нафар ва шадидан захмӣ шудани се тани дигар шуда буд, аз ҳама воқеъаи пурсару садо дар Тоҷикистон хонда шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон то ҳол ба ҷуз аз ҷарима шудани модари Расули Амонулло дар мавриди тадобири марбут ба ин қазия расман ҳеҷ иттилоъи дигаре надодаанд.
