Ҳушдори пулис барои таъмини амнияти кӯдакон дар иди Қурбон

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба сокинони ин кишвар, ба вижа волидон ҳушдор дода, ки барои таъмини амнияти кӯдакон дар рӯзи иди Қурбон тадобири зарурӣ иттихоз шаванд.
Кормандони идораи бозрасии утумубилии ин вазорат дар баёнияе унвонии волидон хоста, ки онҳо бо таваҷҷӯҳ ба расми "идгардак" бештар ба фикри буду бош ва рафту ойӣ фарзандони кӯдак ва навҷавононашон бошанд.
Гуфта мешавад, ки беназорат гузоштани иддае аз кӯдакон дар рӯзҳои таҷлил аз идҳои мухталиф, мунҷар ба рӯбарӯ шудани кӯдакон бо ҳодисоти нохуш, аз ҷумлаи сонеҳаҳои утумубилӣ мешавад.
Дар соли гузашта дар иди Фитр дар ин кишвар се кӯдак дар сонеҳаҳо ҷони худро аз даст доданд ва иддае низ ҷароҳат бардошта буданд.
Аз ин рӯ дар баёнияи ин ниҳод, ки рӯзи душанбеи 14 октябр пахш шуда, мехонем: “Раёсати бозрасии давлатии утумубилӣ аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки дар рӯзи иди Қурбон ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риъоя намуда ва маданияти баланди шаҳрвандиро ба ҷо оранд. Ҳамчунин аз волидон хоҳиш карда мешавад, ки дар рўзҳои ид нисбати фарзандони худ бетараф набошанд.”
Дар ин баёния ҳамчунин омор дар мавриди сонеҳаҳо дар роҳҳои утумубилӣ дар Тоҷикистон дар як ҳафтаи ахир, ки мӯҷиби марги 8 нафар аз сокинон шудаанд, пахш шудааст.
Аз ҷумла гуфта шудааст, ки аз ҳафтум то сенздаҳуми октябр дар Тоҷикистон 26 сонеҳа рух дода ва дар ин ҳодисот 28 нафар, аз ҷумла як кӯдаки се сола шадидан захмӣ шудааст.
Бар асоси иттилоъи пулис аз оғози соли ҷорӣ дар роҳҳои кишвар беш аз 1120 сонеҳа рух дода, ки бар асари он 354 нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 1236 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
