Тасодуфи утубус дар ҷодаи Қум беш аз ҳаштод кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт

Тасодуфи утубус дар шоҳроҳи Теҳрон-Қум беш аз ҳаштод кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст.
Дар асари бархӯрди ду дастгоҳи утубуси мусофирбарӣ дар ҳаволии килуметри 23-и шоҳроҳи Қум ба Теҳрон чиҳилу чаҳор нафар кушта ва 39 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ин ҳодиса шомгоҳи гузашта (душанбеи 9 сентябр) ҳудуди соъати 22:45 дақиқа ба вақти маҳаллӣ рӯй додааст.
Родию ва телевизиюни Ҷумҳурии Исломӣ ба нақли аз раиси пулиси роҳи устони Қум гуфтааст, ки як дастгоҳи утубус аз навъи "Искониё", ки аз Исфаҳон ба сӯйи Теҳрон ҳаракат мекард, ба иллати таркидагии лостики пеш ба гордрейли васати шоҳроҳ бархӯрд кард ва ба масири муқобил мунҳариф шуд.
Ин утубус сипас бо як утубуси дигар аз навъи "Искониё" ки аз тариқи шоҳроҳи Теҳрон-Қум озими Язд буд, тасодуф кард ва ҳар ду утубус дучори ҳариқ шуданд.
Гуфта шудааст, ки иллати талафоти сангини ин ҳодиса, оташ гирифтани уутбусҳо будааст.
Раиси пулиси роҳи устони Қум афзудааст, ки "наздикии сомонаи барқрасонӣ ва сӯхтрасонии ҳар ду утубус ва ҳамчунин вултожи барқ ҳинни истифода аз кулер дар шиддати ин ҳодиса нақши асосӣ доштааст."
Хабаргузории Меҳр ҳам дар гузорише перомуни ин ҳодиса ба нақл аз раиси пулиси роҳ навиштааст, ки нақси фаннии утубусҳо омили ин тасодуф будаанд. Вай афзудааст, ки намояндаи "Искониё" дар ин робита ба додгоҳ муъаррифӣ мешавад.
Ба гуфтаи ин мақоми нерӯи интизомӣ, "чанде қабл утубуси Искониёи дигаре дар устони Хузистон бо як дастгоҳи комюн бархӯрд ва дучори оташсӯзӣ шуд, ки дар он ҳодиса беш аз 14 мусофир ҷони худро аз даст доданд."
