Даҳ кушта дар тасодуфоти шаш рӯзи ахир дар Тоҷикистон

Пулиси роҳи Тоҷикистон аз кушта шудани 10 нафар дар тасодуфоти роҳ тайи шаш рӯзи ахир хабар дод.
Тибқи хабари манобеъи пулиси роҳ, дар миёни кушташудагони ин сонеҳаҳо кӯдаке 2-сола низ будааст.
Дар иттилоъияи пулис, ки рӯзи сешанбеи 26 ноябр пахш шуд, омада, ки аз 18 то 24-уми моҳи ҷорӣ дар Тоҷикистон 33 сонеҳаи роҳ рух додааст. Дар ин тасодуфот ҳамчунин 33 нафар аз сокинон ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳамчунин, тибқи иттилоъи манобеъи пулис, рӯзи 23 ноябр дар шаҳри Душанбе дар як тасодуф кӯдаке нуҳсоларо шадидан маҷрӯҳ шуда ва ронандаи мошин аз ҷойи воқеъа фирор кардааст. Кормандони пулис машғули ҷустуҷӯйи ин ронанда будаанд.
Пулис хабар дод, ки аз аввали соли ҷорӣ то ҳол дар роҳҳои Тоҷикистон беш аз 1320 сонеҳа рух дода, ки дар натиҷа 415 нафар кушта ва 1460 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Пулиси роҳ сабаби аслии рух додани сонеҳаҳо дар роҳҳои Тоҷикистонро риъоят нашудани қавоъиди ҳаракат дар роҳ ва нӯшидани алкул ба ҳангоми ронандагӣ арзёбӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, дар барномаи телевизиюнии мавсум ба "Сипар", ки ба Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон марбут аст, Бахтиёр Тағоймуродов, як ронандаи ҷавон, дар як сонеҳаи маргбор дар вилояти Хатлон мазнун дониста шудааст.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи ин вазорат, гуфт, ки дар ин сонеҳа ду нафар кушта ва як нафар шадидан захмӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки Бахтиёр Тағоймуродов фарзанди Алимурод Тағоймуродов, раиси “Ширкати манозил ва обу барқрасонӣ” будааст, ки тибқи таҳқиқи пулис "аз уҳдаи идораи мошин набаромада ва ба утумубили муқобили роҳ бармехӯрад."
Ҳамчунин дар барнома наворе пахш шудааст, ки дар он пулиси нозири роҳ Панҷшер Чолов, ронандаи як утумубили тамғаи хориҷиро дар ҳолати мастӣ боздошт кардааст. Панҷшер Чолов, низ писари яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи мардумӣ дар Тоҷикистон аст ва писараш дар тасодуф донишҷӯйи соли таҳсили аввали донишгоҳи забонҳои Душанберо захмӣ карда ва аз макони ҳодиса фирор мекунад.
Ин нахустин бор нест, ки дар Тоҷикистон фарзандони мақомоти давлатӣ дар вуқӯъи сонеҳаҳои маргбор мазнун дониста мешаванд.
Авоили моҳи октябр дар шаҳри Душанбе дар сонеҳаи шадиде, ки се нафар кушта ва се маҷрӯҳ бар ҷо гузошт, Расули Амонулло, фарзанди Амонуллои Ҳукум, раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон", мазнун дониста шуд.
Ҳарчанд пулиси тоҷик он замон дар мавриди даст доштани фарзанди оқои Ҳукум ошкоро иттилоъ пахш кард, вале маъмул нест, ки оё Расули Амонулло барои иртикоби ин ҷурм муҷозот хоҳад шуд ё хайр.
Бар асоси иттилоъоти манобеъи ғайрирасмӣ, Амонуллои Ҳукум ва фарзанди ӯ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон набудаанд. Аммо мақомот ин хабарро таъйид ва ё такзиб накардаанд.
