Сонеҳаҳои маргбор дар Тоҷикистон
Дар зарфи як рӯзи ахир бар асари сонеҳаҳои роҳ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон 5 нафар кушта шудаанд.
Бино ба иттилоъи торнамои (сойти) Вазорати кишвари Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 15 декабр дар шаҳри Душанбе худрави Маҳмадалӣ Абдуманнонов ба пиёдагард Руслан Салимов бархӯрд карда ва ин фард бар асари ҷароҳати сангин дар бемористон даргузаштааст.
Ҳамчунин, дар навоҳии Рӯшони вилояти Бадахшон, Ҳисор ва Муъминобод сонеҳаҳои роҳ ба кушта шудани 4 нафар ва захмӣ шудани 1 нафар мунҷар шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар ин кишвар 1330 сонеҳаи роҳ рух дода ва бар асари онҳо 436 нафар кушта шуда ва 1434 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Бино ба иттилоъи ин манбаъ, мизони сонеҳаҳои роҳ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта 6 дарсад ва теъдоди талафоти ҷонӣ 7,1 дарсад афзоиш ёфтааст.
