Афзоиши худкушӣ ва ҷурму ҷиноят миёни занон дар Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceДар соли 2013-и мелодӣ теъдоди худкушӣ, руспигарӣ ва ҷинояткорӣ миёни занон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Кумитеи умури занони Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли милодии гузашта беш аз 180 фоҳишахона дар ин кишвар кашф шуда ва теъдоди 1641 зани руспӣ ба сабт расидаанд, ки 41 нафари онҳо духтарони зери синни 18 ҳастанд.
Масъулони ин кумите гуфтаанд, ки дар муқоиса бо соли 2012 шумори руспиён 338 нафар ва шумори фошишахонаҳои кашфшуда 33 адад бештар будааст.
Дар нишасти хабариии ин кумите, ки рузи сешанбе 4 феврал доир шуд, масъулон гуфтанд, ки далели аслии афзоиши руспигарӣ дар Тоҷикистон бекорӣ ва сатҳи пасти омӯзишу парвариши занону духтарон аст.
Махфират Хидирова, раиси Кумитаи умури занон, гуфт, ки дар соли милодии сипаришуда 299 зан даст ба худкушӣ задаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2012 дувоздаҳ нафар бештар аст.
Хонум Хидирова афзуд, ки дар соли 2013 занҳо ва духтарони ноболиғ 2357 ҷиноятро муртакиб шудаанд. Аммо тибқи иттилоъи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, аз сӯи занҳо 1089 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба соле қабл 288 маврид бештар аст.
Масъулони Кумитеи умури занон мегӯянд, бештари ҷиноёте, ки занҳо муртакиб мешаванд, сирқати амвол, кулоҳбардорӣ ё тақаллуб ва қочоқи маводи мухаддир аст.
