Кушта шудани кӯдаке панҷсола дар тасодуфи роҳ дар Суғд

  • 6 Март, 2014

Пулиси роҳи Тоҷикистон аз кушта шудани як кӯдаки панҷсола дар роҳи утумубилгарде дар вилояти Суғди ин кишвар хабар додааст.

Тавре ки дар торнамои расмии вазорати умури доихлӣ омада, ин воқеъа дар ноҳияи Ғончӣ рух дода ва мошин замоне ба ин кӯдак бахӯрда, ки ӯ аз роҳ убур мекард.

Ҳарчанд дар ин хабар иттилоъе дар мавриди он ки чаро кӯдак батанҳоӣ роҳ убур мекард, нест, вале пулис сабаби ин воқеъаро “аз уҳдаи идораи воситаи нақлия набаромадаеи ронандаи 22-солаи он” унвон кардааст.

Тибқи иттилоъи пулиси роҳ, ин воқеъа ду рӯз қабл рух дода ва дар тасодуфи дигаре дар як роҳи утумубилгард дар ин рӯз, ки дар ҳумаи шаҳри Душанбе рух дода, як зани панҷоҳсола кушта шудааст.

Дар соли гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон ҳудуди сад нафар аз кӯдакон ва ҷавонони зери синни 16-сола дар сонеҳаҳо ва тасодуфоти роҳ ҷонҳои худро аз даст додаанд.