Шумори довталабони омӯзиши олӣ аз 40 ҳазор гузашт, аммо 'кам аст'

  • 12 Апрел, 2014
ДонишҷӯёнImage copyrightBBC World Service
Image caption Ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки имсол бисёре аз сандалиҳои пешбинишуда барои донишҷӯёни тозаворид дар донишгоҳҳо холӣ бимонад

Шумори довталабони вуруд ба муассисоти омӯзиши олии Тоҷикистон, ки худро дар Маркази миллии имтиҳонот ба сабт расондаанд, аз 40 ҳазор нафар бештар шудааст.

Вале ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки бисёре аз сандалиҳои пешбинишуда барои донишҷӯёни тозаворид дар бисёре аз донишгоҳҳо ва муассисоти омӯзиши олӣ шояд имсол холӣ бимонанд.

Бар асоси арқоме, ки Маркази миллии тест ё имтиҳонот, як ниҳоди вобаста ба риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, интишор дод, ин рақам беш аз 39 дарсади шумори умумии фориғуттаҳсилони соли ҷориро ташкил медиҳад.

Яъне аз миёни беш аз 103 ҳазор нафар аз донишомӯзон, ки имсол аз мактабҳо фориғуттаҳсил мешаванд, танҳо беш аз 40 ҳазор нафар худро то рӯзи ҷумъаи 11 апрел дар ин марказ сабти ном кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки то поёни марҳилаи сабти довталабони вуруд ба донишгоҳҳо фурсати каме боқӣ монда ва ин марҳила рӯзи 15 апрел ба поён мерасад.

Бидуни рақобати ҷиддӣ

Зимнан, шумори довталабони сабтшуда дар муқоиса бо теъдоди сандалиҳое, ки дар донишгоҳҳо ва муассисоти дигари олии Тоҷикистон дар назар гирифта шудаанд, низ чандон зиёд нест ва ҳамагӣ ҳафт дарсад бештар аст.

Дар ҳамаи донишгоҳҳо ва муассисоти омӯзиши олии Тоҷикистон имсол беш аз 37 ҳазор сандалӣ барои донишҷӯёни тозаворид дар назар гирифта шудааст.

Коршиносони омӯзишу парвариш мегӯянд, ҳатто дар сурате ки то панҷ рӯзи дигар шумори довталабон ба 50 ҳазор нафар бирасад, боз ҳам ин рақам миёни довталабон рақобати ҷиддӣ эҷод нахоҳад кард.

Бархе муътақиданд, ки имкон дорад Маркази миллии имтиҳонот барои таъмини донишҷӯ дар донишгоҳҳо бахши аъзаме аз довталабони сабтшударо бо вуҷуди ба даст наовардани имтиёзи (баҳо ё балли) кофӣ "аз имтиҳон гузаронад."

Аммо манобеъи Маркази миллии тест мегӯянд, ки ин амр баъид аст. Ба гуфтаи онҳо, ҳамаи афроде, ки аз имтиёз ё балли кофӣ бархурдор нашаванд, аз ҳаққи вуруд ба донишгоҳҳо маҳрум хоҳанд шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин амр, ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки дар соли ҷорӣ дар бисёре аз донишгоҳҳо ва муассисоти дигари омӯзиши олии Тоҷикистон мушкили камбуди донишҷӯ буруз кунад ва сандалиҳои пешбинишуда барои донишҷӯёни тозаворид холӣ бимонад.

Риштаҳои пуртарафдор

Зимнан, аз миёни муассисоти олии омӯзишӣ бештари довталабон таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро интихоб кардаанд. Донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҷойгоҳи дувуму севум қарор доранд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Бештари довталабон риштаҳои марбут ба пизишкию зистшиносиро интихоб кардаанд (Акс аз сойти Маркази миллии имтиҳонот)

Риштаҳои таҳсил дар донишгоҳҳо ба панҷ даста ё гурӯҳ (клостер) тақсим шудааст, ки аз риштаҳои "табиъию текникӣ", "иқтисодӣ ва ҷуғрофиё", "забону адабиёт, омӯзгорӣ ва ҳунар", ""ҷомеъашиносӣ ва ҳуқуқ" ва "пизишкию зистшиносӣ ва варзиш" иборатанд.

Аз миёни ин панҷ гурӯҳ аз риштаҳои тахассусӣ бештарин мавриди интихоб ба дастаи панҷум, яъне пизишкию зистшиносӣ ва варзиш, ихтисос ёфтааст. Дар ин риштаҳо ҳудуди 6000 сандалӣ дар донишгоҳҳо вуҷуд дорад, вале мизони интихоб тақрибан ду баробари ин рақам аст.

Мизони интихоби гурӯҳи чаҳорум, яъне ҷомеъашиносӣ ва ҳуқуқ 83 дарсад ва дар бахши забону адабиёт, омӯзгорӣ ва ҳунар 10 дарсад бештар аз шумори сандалии донишгоҳҳо ё ҳамон "нақшаи қабул" аст.

Дар ду гурӯҳи аввал нақша ҳанӯз иҷро нашудааст. Бавижа, мизони интихоб дар гурӯҳи "табиъию текникӣ", бар асоси оморе, ки то рӯзи 10 апрел мунташир шуда, ҳудуди 39 дарсад камтар аз шумори сандалии донишгоҳҳост.

Дар ин ин гурӯҳ аз риштаҳои таҳсилӣ дар донишгоҳҳо беш аз 11 ҳазор сандалӣ ҳаст, аммо то кунун ҳудуди ҳафт ҳазор мавриди интихоби ин риштаҳо ба сабт расидааст. Зимнан, як мавриди интихоб баробари як довталаб нест, зеро тибқи муқаррарот, як довталаб метавонад то даҳ риштаро интихоб кунад.

Тафовути минтақаӣ

Дар ҳамин ҳол, тафовутҳое дар заминаи сабти довталабон дар манотиқи мухталиф ҳам ба назар мерасад. Агар дар Бадахшон бештарин шумори донишомӯзон барои вуруд ба донишгоҳҳо зоҳиран талош доранд, алоқаи мактабиён ба омӯзиши олӣ дар вилояти Суғд дар пойинтарин сатҳ аст.

Дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, ки замони Шӯравӣ бештарин шумори мардуми таҳсилдидаро дошт, аз миёни беш аз 30 ҳазор фориғуттаҳсили мактабҳои мутавассита танҳо ҳудуди 10 ҳазор нафар ё беш аз 32 дарсад худро дар Маркази миллии имтиҳонот сабт кардаанд.

Ин рақам дар навоҳии тобеъи марказ ҳудуди 37 дарсад, дар шаҳри Душанбе ҳудуди 39 дарсад, дар вилояти Хатлон наздики 44 дарсад ва дар Бадахшон беш аз 62 дарсад аз шумори куллии мактабиёне аст, ки дар ҳар кадоме аз ин манотиқ имсол фориғуттаҳсил мешаванд.

Маркази миллии имтиҳонот як ниҳоди вобаста ба риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ба манзури кунтрули раванди вуруд ба донишгоҳҳо ва ҷилавгирӣ аз фасоди густарда, ки ҳамасола дар замони супурдани имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳҳои ин кишвар мушоҳида мешуд, таъсис ёфтааст.

Ин ниҳод имсол бори аввал имтиҳоноти саросариро барои довталабони вуруд ба донишгоҳҳо ва муассисоти омӯзиши олии Тоҷикистон баргузор мекунад. Ба гуфтаи соҳибназарон, худи ҳамин фароянд барои ин созмони тозатаъсис навъе имтиҳони ҷиддӣ маҳсуб мешавад.

Матолиби муртабит