Сабти беш аз 34 ҳазор довталаби вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceМаркази миллии тест ё имтиҳоноти Тоҷикистон эълом карда, ки то ҳол беш аз 34 ҳазор нафар аз довталабони вуруд ба донишгоҳҳо дар ин марказ сабти ном шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки то ба поёни давраи сабти довталабони вуруд ба донишгоҳҳо ва муассисоти дигари олии Тоҷикистон камтар аз як ҳафта боқӣ монда ва дар ин муассисот барои беш аз 37 ҳазор донишҷӯ ҷой вуҷуд дорад.
Тибқи гузориши ин марказ, шумори бештари довталабон таҳсил дар риштаҳои ҷомеъашиносӣ ва ҳуқуқ, пизишкӣ, зистшиносӣ ва варзишро интихоб кардаанд. Шумори довталабон дар ин гурӯҳҳои тахассусӣ (кластерҳо) аз 50 то 60 дарсад бештар аз меъёри мавриди ниёз аст.
Аммо шуморе камтаре аз ҷавонон машоғиле аз қабили омӯзгорӣ, забоншиносӣ, табиъиёт ва фанновариро интихоб кардаанд. Ҳамчунин ба бахши иқтисодии донишгоҳҳо низ фориғуттаҳсилони соли ҷорӣ камтар таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Дар ин бахшҳо аз 26 то 51 дарсад довталабон камтар сабти ном шудаанд.
Аз сӯйи дигар, коршиносон мегӯянд, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки таҷрубаи вуруд ба донишгоҳҳо дар соли ҷорӣ тағйир ёфта, бисёре аз довталабони вуруд ба донишгоҳҳо то ҳол бо ин равия ошноӣ надоранд.
Бархе низ бар ин назаранд, ки сол то сол шумори ҷавононе, ки баъд аз фориғ шудан аз макотиби ҳамагонӣ барои кор ба хориҷ аз ин кишвар, бавижа ба Русия, сафар мекунанд афзоиш меёбад.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи онҳо эҳтимол дорад имсол низ шумори зиёде аз ҷумлаи беш аз 100 ҳазор нафар аз фориғуттаҳсилон муҳоҷиратро бар таҳсил дар донишгоҳҳо тарҷеҳ бидиҳанд.
Иддае аз коршиносони арсаи омӯзишу парвариш бо ишора ба манотиқи дуруфтодаи Тоҷикистон ва мушкилоти роҳ дар ин кишвар мегӯянд, ки бисёре аз ҷавонон, бавижа ҷавондухтарон, имкон надоранд, ки баосонӣ ба марказ ва ё бунгоҳҳои он дар манотиқи мухталиф сафар кунанд.
Вале Розия Табарова, раиси бахши равобит бо ҷомеъаи Маркази миллии имтиҳонот, мегӯяд, ки дар рӯзҳои ахир шумори довталабон, бавижа дар манотиқи дуруфтодаи кӯҳистонӣ, дар ҳоли афзоиш аст.
Хонуми Табарова рӯзи сешанбеи 8 апрел ба Би-би-сӣ гуфт: "Бисёр хурсандиовар аст, ки бо вуҷуди мавҷудияти мушкилоти иртибототӣ дар кӯҳистон, мардум дар супурдани мадорикашон хеле фаъъол ҳастанд. Барои мисол, дар вилояти Бадахшон беш аз 53 дарсад сабти ном шудаанд. Ҳамчунин, дар минтақаҳои кӯҳистонии вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Ховалинг, дар ин арса хеле фаъъол ҳастанд."
Ҳарчанд ӯ мегӯяд, ки бо таваҷҷуҳ ба он ки таҷрибаи вуруд ба донишгоҳҳо дар соли ҷорӣ тағйир ёфта ва бархе аз мардум бо ин низом ба дидаи эҳтиёт менигаранд, вале вай муътақид аст, ки то охири марҳалаи сабти довталабон шумори онҳо то 40 ҳазор афзоиш хоҳад ёфт, зеро ба гуфтаи вай, рӯз то рӯз ҷавонон бештар аз худ алоқамандӣ ба супурдани мадорикашонро нишон медиҳанд.
Бо ин ҳол, дар сурате ки беш аз 40 ҳазор нафар аз довталабони вуруд ба донишгоҳҳо сабт шаванд, ин рақам боз ҳам дар муқоиса бо беш аз 37 ҳазор ҷой дар донишгоҳҳо, ки барои донишҷӯёни оянда дар назар гирифта шудаанд, андак аст.
Мунтақидон мегӯянд ин бад-он маъност, ки тақрибан ҳар касе, ки барои донишҷӯ шудан худро сабт мекунад, ҳамтан вориди донишгоҳҳо хоҳад шуд, чун ҳеч гуна рақобати ҷиддӣ дар донишгоҳҳо мушоҳида намешавад. Ин дар ҳолест, ки замони Шӯравӣ ҳафт-ҳашт довталаб барои як ҷо дар донишгоҳҳо бо ҳам рақобат мекарданд.
Адами рақобати ҷиддӣ барои вуруд ба донишгоҳҳо дар ҳолест, ки шумори ин муассисот дар Тоҷикистон дар солҳои ахир ба таври чашмгире афзоиш ёфта ва бисёриҳо нархи қарордод ё ҳазинаи таҳсил дар онҳоро бағоят гарон медонанд.
Қаблан масъулони Маркази миллии тест ё имтиҳоноти Тоҷикистон аз ифтитоҳи ду нуқтаи ҷадид дар навоҳии Айнӣ дар вилояти Суғд ва Тавилдара дар водии Рашт хабар дода буданд.
Ин бунгоҳҳо дар пайи як сонеҳа дар ноҳияи Айнӣ, ки панҷ кушта бар ҷой гузошт, ифтитоҳ шудаанд. Дар ин воқеъа панҷ шогирди як мактаби ҳамагонӣ, ки барои таслими мадорикашон равонаи маркази вилояти Суғд буданд, кушта шуда ва чаҳор нафари дигар захм бардоштанд.
Маркази миллии имтиҳонот як ниҳоди вобаста ба риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ба манзури кунтрули раванди вуруд ба донишгоҳҳо ва ҷилавгирӣ аз фасоди густарда, ки ҳамасола дар замони супурдани имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳҳои ин кишвар мушоҳида мешуд, таъсис ёфтааст.
Ин ниҳод имсол бори аввал имтиҳоноти саросариро барои довталабони вуруд ба донишгоҳҳо ва муассисоти омӯзиши олии Тоҷикистон баргузор мекунад. Ба гуфтаи соҳибназарон, худи ҳамин фароянд ҳам барои ин созмони тозатаъсис навъе имтиҳони ҷиддӣ маҳсуб мешавад.
