Нигаронии волидон аз хатари фурӯрезии мактабҳои хароб дар Хатлон
Image copyrightBBC World ServiceСалим номи мустаъори як шогирди мактаби ҳамагонӣ дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон аст, ки дар рӯзҳои бориши шадиди борон ва барф барои таҳсил ба мактаб намеравад.
Волидони Салим ба ӯ иҷоза намедиҳанд, ки дар ин рӯзҳо ба мактаби ба гуфтаи онҳо хароб ва сарду хис биравад. Салим мегӯяд, ки падару модараш нигаронанд, ки рӯзе сохтмони харобшудаи мактаб ба борон тоб наёварда, бомаш фурӯ мерезад.
Макотиби 'харобу валангор'
Вай афзуд: "Падару модарам синфхонаи моро медонанд, ки шароити хуб надорад ва ба ҳамин хотир гоҳо мегӯянд, ки ба мактаб наравам ва дар манзил дарс хонам. Модарам метарсад ва мегӯяд, ки мабодо мактабатон ба саратон нарезад."
Салим аз ҷумлаи даҳҳо кӯдакони дигарест, ки дар мактабҳои ҳамагонии нимахароб ё ба истилоҳ "садамаӣ" дар вилояти Хатлон таҳсил мекунанд.
Дар навоҳии мухталифи ин вилоят даҳҳо мактаб вуҷуд доранд, ки аз муддатҳо қабл таъмир нашудаанд ва дар вазъи риққатборе қарор доранд. Бо ин вуҷуд, кӯдакон дар ин мактабҳо дарс мехонанд.
Бештари падару модарони ин кӯдакон аз шароити таълим дар чунин муассисот хабар доранд.
Тоҳир Мусайямов, як сокини ноҳияи Панҷ, мегӯяд, ки фарзандаш дар синфхонае дарс мехонад, ки бо хатари хароб шудан рӯбарӯст ва ӯ ҳамарӯза аз амнияти кӯдакаш нигарон аст.
Ба гуфтаи ӯ,сақфи ин синфхона сӯрох шуда ва таҳсили бачаҳо дар он ҷо номумкин аст.
Вай мегӯяд: "Ҳамин синфхонае, ки фарзандам бо дигар бачаҳо дар он ҷо таҳсил мекунад, комилан хароб шуда ва ниёз ба таъмиру бозсозӣ дорад. Зиндагии кӯдакони мо ҳар рӯз дар хатар аст. Вале онҳо бояд таҳсил кунанд."
Мактаби ҳамагонии шумораи 12 дар рустои Ҳасан Шерови деҳистони (ҷамоъати) “Озодагон” дар ноҳияи Панҷ воқеъ аст, ки онҷо беш аз 800 нафар аз кӯдакон ва ҷавонон таҳсил мекунанд.
Ин мактаб ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ бунёд шуда ва сақфу деворҳояш хароб шудаанд ва дарҳои вурудии як қисмати он баста аст. Ин қисмати мактаб дар чунон вазъи баде қарор дорад, ки ахиран омӯзгорон водор шудаанд, ки тадрис дар ин қисмати мактабро мутаваққиф кунанд.
Ҷӯрабек Носиров, яке аз омӯзгорони ин мактаб, мегӯяд, ки онҳо ба масъулони ҳукумати маҳаллӣ, идораи маъориф ва илми ноҳия борҳо муроҷеъа кардаанд, то мактабро бозсозӣ кунанд, аммо то ҳол барои бозсозии ин мактаб тадобире андешида нашудааст.
Набуди манобеъи молӣ барои бозсозӣ
Оқои Носиров мегӯяд: "Диламон ба ҳамин донишомӯзон месӯзад, ки дар шароити баде таҳсил мекунанд, аммо касе кумаки молӣ намекунад, ки синфхонаҳоро бозсозӣ кунем. Дар ноҳия дигар мактабҳое низ ҳаст, ки таълим дар онҷо барои бачагон хатарнок аст."
Як сокини ноҳияи Панҷ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ки онҳо бо ҷаъмоварии пул ду синфхонаро дар мактаби маҳаллӣ таъмир кардаанд.
Вай мегӯяд: "Бештари волидон имкони кумак барои бозсозии мактабро надоранд. Бояд амнияти ҷони бачаҳои моро дар мактаб давлат замонат бидиҳад. Вақте ки мактаб дар вазъи хатарборе қарор дорад, онҷо набояд донишомӯзон таҳсил кунанд. Вақте сохтмони мактаб ба сари бачаҳои мо фурӯ резад, баъд онҳоро аз онҷо кӯч медиҳанд?"
Дар вилояти Хатлон мактабҳои зиёде мавҷуд ҳастанд, ки дар даврони Шӯравӣ бунёд шудаанд. Бархе аз онҳо қисман хароб шудаанд ва шароит барои таҳсили кӯдакон дар онҳо вуҷуд надорад.
Яке аз кормандони идораи маъориф ва илми вилояти Хатлон, ки нахост номаш ифшо шавад, мегӯяд, ки дар ин вилоят мактабҳои харобае ҳастанд, ки дар ҳеч ниҳоде сабт нашудаанд, аммо имкони бозсозӣ ва ё ба мактаби дигар кӯч додани донишомӯзон вуҷуд надорад.
Ин манбаъ гуфт, ки ниҳоди онҳо таъмири ин мактабҳоро дар назар гирифтааст ва бо фароҳам шудани имконоти молӣ ин муассисот бозсозӣ мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони кумитеи умури изтирорӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки дар ин вилоят вазъи даҳҳо мактаб дар ҳолати нигаронкунанда қарор дорад.
Бар асоси иттилоъи ин кумите, дар сурати бориши шадиди борон дар баҳори соли ҷорӣ бархе аз ин мактабҳо бо хатари хароб шудан рӯбарӯ ҳастанд.
Нигаронии волидони шогирдони макотиб аз шароити таълиму тарбият дар мактабҳои таъмирнашуда дар ҳолест, ки то ҳол дар вилояти Хатлон бархе аз донишомӯзон дар вогунҳо ва манозили маскуниии хусусӣ таҳсил мекунанд.
