Нигаронии шаҳрдори Душанбе аз сатҳи омӯзишу парвариш дар пойтахт

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, аз пойин рафтани сатҳи дониш дар миёни бузургсолони пойтахти Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, ин мавзӯъро оқои Убайдуллоев дар ҷаласаи Маҷлиси шаҳрӣ матраҳ кардааст.
Вай дар гузориш ба вакилон иброз дошта, ки агар дар соли 2000 шохиси саводу маърифати бузургсолон ба 0,53 баробар бошад, пас дар соли 2012 ин рақам то 0,48 коҳиш ёфтааст.
Дар ин гузориш шаҳрдори Душанбе ҳамчунин аз он ибрози нигаронӣ карда, ки фориғуттаҳсилини мадорис ва лисеҳое, ки аз будҷеи шаҳрдорӣ сармоягузорӣ мешаванд, дар соли ҷорӣ натавонистаанд ба донишгоҳҳои Ҳорворд, Оксфурд ва Кембриҷи Бритониё дохил шаванд.
Вай хабар дода, ки аз куллияи фориғуттаҳсилини ин муасиссот танҳо 66 нафар ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ ва 358 нафар ба донишгоҳҳои Тоҷикистон пазируфта шудаанд.
Шаҳрдори Душанбе ҳамчунин аз мизони ҷароим дар миёни шогирдони мадориси пойтахти Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда ва афзудааст, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз сӯйи онҳо 213 мвриди иртикоби ҷиноят сабт шудааст. Ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 199 маврид будааст.
Зимнан, дар Душанбе 140 мадрасаи мутавассит фаъъолият доранд ва беш аз 127 ҳазор нафар шогирдон дар онҳо таҳсил мекунанд.
Аз суханронии оқои Убайдуллоев чунин натиҷагирӣ мешавад, ки шаҳрдори Душанбе ба иддаъои бархе аз коршиносон дар мавриди рабт доштани фақр ба иртикоби ҷароим чандон розӣ нест.
Вай гуфтааст, ки агар дар соли 2000 мизони тавлидоти нохолиси дохилӣ ба ҳар як сокини Душанбе 595 сомонӣ бошад, дар соли 2012 ин рақам ба 9682,5 сомонӣ расидааст.
Оқои Убайдуллоев ҳамчунин гуфта, ки феълан ҳар 18-умин шогирди мадориси Душанбе роёна дорад.
